“Вуруди фарҳанги миллӣ ба фазои ҷаҳонӣ». Чунин ном дошт мавзуъи маҳфили “Дар суҳбати соҳибдилон”, ки ахиран бо ташаббуси Шуъбаи чорабиниҳои фарҳангӣ бо ширкати фарҳангшиноси шинохта Мунира Шаҳидӣ дар Китобхонаи миллӣ баргузор шуд.
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Дар суҳбати соҳибдилон» зери унвони «Вуруди фарҳанги миллӣ ба фазои ҷаҳонӣ» баргузор гардид. Мехмони маҳфил донишманди шинохта, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессори Донишгоҳи Кембриҷи Лондон, раиси Фонди байналмилалии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ фарҳангшинос Мунира Шаҳидӣ буд.
Махфилро муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабова оғоз намуд. Салима Раҷабова тброз дошт, ки меҳмони маҳфили имрӯз Мунира Шаҳидӣ аз ҷумлаи донишмандони шинохтаи кишвар аст, ки берун аз Тоҷикистон низ соҳиби обрӯву иззат мебошад. Мунира Шаҳидӣ муаллифи 5 китоб, мақолаҳои зиёд буда, дар баъзе аз донишгоҳҳои Вашингтон, Лондон, Париж ва Куалла – Лумпур аз таъриху адабиёт ва фарҳанги гаронмояи форсу тоҷик дарс мегўяд. Бо ташаббусу такопўи Мунира Шаҳидӣ дар пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе Осорхонаи ҷумҳуриявии фарҳанги мусиқии Зиёдулло Шаҳидӣ ва Бунёди байналмиллалии фарҳанги Зиёдулло Шаҳидӣ ташкил гардидааст. Мунира Шаҳидӣ ҳамчунин ташаббускори нашри маҷаллаи «Фонус» мебошанд.
Мунира Шаҳидӣ дар маҳфил оди ба вуруди фарҳанги миллӣ ба фазои ҷаҳонӣ суханронӣ намуд. Дар баромади худ таъсири фарҳангу адабиёти мардуми форсу тоҷикро дар тамадуни мардуми ғарб ва баҳрабардории олимону донишмандони ғарб аз мероси фарҳангии мардуми Шарқ бо далелҳои илмию таърихӣ баён намуд.
Дар охир миёни Мунира Шаҳидӣ ва ширкаткунандагони маҳфил дар атрофи мавзуъи баррасишуда табодули афкор сурат гирифт.