Китоби Раҳимзода Рамазон Ҳамро номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия таҳти унвони «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ» , ки ахиран ба теъдоди 3 ҳазор нусха чоп шудааст, аслан як китоби дарсӣ барои донишомӯзони риштаи ҷустуҷӯист. Ин китоб зери назари доктори илмҳои ҳуқуқ К.Ҳ. Солиев бо тақризин Т.Шарипов, И.Бобоҷонзода, Ф.Шарифзода ва М.Ғозиев интишор гардидааст.
Курси таълимии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ» аҳамияти калони илмӣ-амалӣ дошта, барои беҳтар намудани омодагии касбии мутахассисони соҳаи ҳуқуқшиносӣ нигаронида шудааст. Диққати махсус дар он ба таъмини меъёрӣ-ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ дода шуда, илова бар ин, на танҳо меъёрҳои қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ ва оперативӣ-ҷустуҷўӣ, балки инчунин, меъёрҳои соҳаҳои дигари ҳуқуқ, ки бевосита ба ҳамин мавзўъ муносибат доранд, таҳлил карда шудаанд.
Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ», ки нашри чорумаш ба дасти хонанда арсидааст, бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода карда шуда, ҷанбҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фаро гирифтааст.
Дар китоб ҳамаи масъалаҳое, ки бо моҳияти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ, батанзимдарории ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятие, ки вобаста ба содир намудани ҷиноят ва ба таври ғайриқонунӣ муайян намудан ва кушодани он алоқаманд аст, баррасӣ шудаанд.
Маводе, ки дар китоби мазкур оварда шудааст, барои ноил шудан ба мақсадҳои зерин мусоидат мекунад:
- ташаккули дониш доир ба курси таълимии мазкур;
- соҳиби малака шудан оид ба истифода бурдани муқаррароти назарияи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ;
- ба таври самаранок истифода бурдани имкониятҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ дар самти огоҳонидан ва кушодани ҷиночтҳо бо назардошти таҷрибаи мусбии кори мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ.
Вобаста ба ин, алҳол ҳуқуқи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ташаккул ёфта, он ба соҳаи мустақили ҳуқуқ табдил ёфтааст ва ба ин ҳайс шинохта шуда, дорои заминаи пурраи ҳуқуқӣ гардидааст ва дар шуъбаҳои ҳуқуқшиносии мактабҳои Олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дарс дода мешавад.
Ин китоб дар Китобхонаи миллӣ вуҷуд дорад ва хоҳишмандон метавонанд дар ҳам аи толорҳои хониш онро суроғ кунанд ва мутолиа намоянд.
М.Каримов,
корманди Маркази
такмили ихтисос