Гови ало чӣ гове буд?
Нашр шуд 2018-08-11 12:52
Аксари бачаҳои шаҳрӣ маъмулан намедонанд, ки дар деҳот ҳамсолони онҳо ба чӣ корҳое машғул мешаванд. Бахусус, дар таътили тобистона, ки на ҳамаи рустоҳои мо имкони ташкили лагерҳо доранд ва на ҳамаи деҳаҳо китобхонаҳо доранд, ки имкони мутолиа дар онҳо бошад. Ва кӯдакону наврасон дар ин се моҳи таҳсил асосан вақти худро дар дашту саҳро мегузаронанд, чун мавсими барои деҳотиён муҳим ба ҳисоб меравад. Ва ё дар ҳота ва майдонҳои наздиҳавлигии худ ба парвариши зироатҳо машғул мешаванд. Иддае дигар молбонӣ ҳам мекунанд, чун дар русто зистану дур будан аз гову мол аслан имкон надорад. Ва ин ҳам назокатҳои худро дорад.
Оё бачаҳои шаҳрӣ шинохти комил аз ҳайвонҳои хонагӣ доранд? Масалан онҳо медонанд, ки гов чӣ ҳайвонест ва чаро онро парвариш мекунанд? Ҳамин мавзуъ дар маҳфили навбатии “Дастони моҳир” дар миён гузошта шуд. Ва мураббиёнро лозим омад, ки ба ширкаткунандагон дар бори ин ҳайвони фавқулодда барои инсон зарурӣ маълумот диҳанд. Дар шаҳр говбонӣ нест, вале касеро ёфтан душвор аст, ки ширу гӯшти говро истеъмол накунад. Ва асли мавзуъ кашидани арсми гови ало буд.
Гов ҳайвонест, ки аз замонҳои қадим одамон хонагӣ карданд ва аз гӯшту шири вай фарон истифода мешавад. Гов ҳайвони калони хонагӣ, камҳаракат, ором аст. Ҳайвони бузургҷуссаест, ки пойҳои пурқувват, думи дароз, гўшҳои калон, шохи ба дарун қатшуда дорад. Гов ба мо шир медиҳад, ки аз он қаймоқ, ҷурғот, равған мегирем. Гов ба мо гўшт медиҳад. Пўсти говро барои либосҳое, ки аз чарм тайёр карда мешавад истифода мебаранд. Ин ва чанд маълумоти дигар ба бачаҳо дар бораи гов ироа шуд.
Ва баъдан аз онҳо хостанд расми говро тибқи шунидаҳо ва тасаввуроти худ кашанд. Маълум гардид, ки дар миёни бачаҳо касоне ҳам буданд, ки говро на аз суратҳо, балки бо чашм ҳам дидаанд.
Расмҳои аҷоибе, ки ҳар кадом баёнгари тасаввуроти хонанда буд, кашида шуданд.
Фирӯза Раҳимова