Шанбеи ободгарӣ дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2018-07-21 20:34
Анъанаи роиҷ дар Китобхонаи миллӣ. Рӯзи тозакориҳо ва ободгариҳо. Шанбе рӯзест, ки кормандони Китобхонаи миллиро бо навбат даъват мекунад ҳиссаи худро дар корҳои ободиву низофат гузоранд.
Тобистони гарм кори боғро барои як боғбон мушкил мекунад. Ин аст, ки бояд ҳамагон дастбакор шаванд, то ниҳолакҳои бо сад умед шинода нахушканд, гулҳо хазон нашаванд, алафҳо аз беобӣ ранг тағйир надиҳанд.
Ва имрӯз ҳам аз он рӯзҳо буд. Кормандон омаданд, то гулҳоро об монанд, бехи дарахтону буттагулонро нарм созанд, алафҳои бегонаро баркананд ва ҷӯйборҳоро аз хасрӯбаҳо тоза кунанд.
Алафҳои расида дар ҳотаи китобхонаро дарав карданд ва онро берун бурданд, то боғ нафаси тоза кашад.
Ҳар шанбе ин иқдом идом мекунад. Шанбеи низофату покӣ ва ободгарӣ.