Маҳфили бузургон ба “Боқинома”
Нашр шуд 2018-04-23 10:12
Ин китоб дар воқеъ маҳфили бузургонро мемонад. Аз оғоз то ба анҷом нухбагони фарҳанги миллат дар бораи фарзанди фарзона, Шоири халқии Тоҷикистон марҳум Боқӣ Раҳимзода сухан ва аз рӯзгори адиби номвар хотироти хешро нақл мекунанд. Ва боз чӣ хотироте: омехта бо ширу шакар. Кас намехоҳад ин китоби аҷибро аз даст гузорад. Ҳар саҳифаи он як сарнавиштест, ҳар боби он як ҷаҳони маънои дигарест.
Мирзо Турсунзода мегӯяд “Боқӣ Раҳимзода яке аз шоироне мебошад, ки беҳтарин анъанаҳои назми ҳазорсолаи тоҷикро давом дода, онро ба рӯҳи муосирони мо мутобиқ мегардонад”.
Мирсаид Миршакар аз сафараш бо Боқӣ Раҳимзода ба Бадахшон ёд мекунад ва менависад: “Ба сари кӯҳ уқобе намоён шуд, ту онро дида гуфтӣ: “Уқоб то сад сол умр медидааст, чӣ ҷонвари аҷибе!” Мӯсафед дарҳол гуфт: “Шумо писарам, уқобчашм ҳастед ва илова бар он шоир! Пас аз уқоб ҳам бештар умр мебинед”.
Оре, Боқӣ Раҳимзода умри бештар аз уқоб орад, чун имрӯз ҳам ҳарчанд ҷисман бо мо нест, аммо рӯҳан ҳамроҳи мост, ашъораш садои қалбаш, идомаи умри ӯст.
Мӯъмин Қаноат ӯро “пир, мураббӣ ва муаллим” меномад. Дар мақолаи дигар менависад: “Номи неку хотираи шунидании муаллим Боқӣ Раҳимзода то ба имрӯз дар ҳама маҳфилҳову маҷлисҳои шеъру адаб ёд мешавад. Чунин касоне, ки дар як вуҷуд ҳама ҷанбаҳои хубро дошта бошанд, камёбанд”.
Марҳум Ғаффор Мирзо гуфта: “Муаллим Боқӣ Раҳимзода барин одам, ки ба ҳазорон кас некӣ карда, дар дили ҳазорон кас ҷой гирифтааст, ҳаққо, ки баҳо надорад!”
Марҳум Убайд Раҷаб, ки як бахши асосии китоб аз хотироти вай такмил шудааст, навишта: “Хонаи китоби маро якҷилаи “Роҳи тайшуда” зиннат медиҳад, ки муаллими бузург тақдим кардааст. Ба ин китоб ҳамчун ба як ҳадяи пурмоя менигарам ва ҳар гоҳ, ки хумори сӯҳбаташро шикастанӣ шавам, саҳифа мегардонам ва лаҳзаи ба чанд калимаи бароям ёдкорӣ гузошта назар меандозам. “Ба дӯст ва бародарам Убайдуллоҳ! Хотираи аз давраи ҳамкорӣ ба Шумо тақдим мешавад. Умед аст, ки маро ба некӣ ёд мекунед. Боқии шумо. 24 сертябри соли 1967”.
Дил гум мезанаду хотир отир мешавад. Як чеҳраи шукуфон ва лабханди дилнишоне менамояд ва муаллими бузург бо чашмони пур аз меҳр ба рӯям менигарад: “Умед аст, ки маро ба некӣ ёд мекунед”. Ва оҳиста-оҳиста он мекушояду садое дар садои дил мепечад: “Ало, эй ҳамнишини дил...маро рӯзе мабод он дам, ки бе ёди ту биншинам...”
Гулназар Келдӣ бар ин назар аст, ки рафтани Мирзо Турсунзодаву Боқӣ Раҳимзода шеъри ин шоири чилсоларо ятим кардааст:
Дил аз рафтани рафтагон дуним афтода,
Дар бодияи дарди азим афтода.
Бе марҳамати Боқию Турсунзода,
Шеъри мани чилсола ятим афтода.
Дар “Боқинома” хотироти зиёде аз аҳли қалам дар бораи зиндаёд Боқӣ Раҳимзодаро метавон хонд. Аз ҷумла, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҳошим, Абдулаҳад Қаҳҳоров, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Абдулҳамид Самад, Атахон Сайфуллоев, Аскар Ҳаким, Ҳақназар Ғоиб, Носирҷон Маъсумӣ, Сайидалӣ Маъмур, Хуршеда Отахонова, Масъуд Муллоҷонов, Сотим Улуғзода, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор, Қутбӣ Киром, Бобо Ҳоҷӣ, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Аминҷон Шукӯҳӣ, Раҳим Ҷалил, Муҳиддин Аминзода, Сирбой Мавлонов, Ғоиб Сафарзода, Алӣ Бобоҷон, Басир Расо, Раҳмат Назрӣ, Ҷӯрабек Назрӣ, Рустами Ваҳҳоб, Равшани Ёрумуҳаммад, Маҷид Салим шеъру хотираҳо метавон хонд.
Китоби “Боқинома”, ки ба ҷуз хотироти ҳамқаламону шогирдон бод асари худи Боқӣ Раҳимзода “Соқинома”-ро низ ҷо додааст, ба ифтихори 110-солагии Шори халқии Тоҷикистон, устод Боқӣ Раҳимзода интишор ёфтааст.
Мураттиб Фирӯзаи Абдуқодир, муҳаррир ва муаллфи сарсухан Меҳмон Бахтӣ буда, на нашриёти “Адиб” ба теъдоди ҳамагӣ 200 нусха чоп шудааст.
Ин китоб ба тозагӣ ба Китобхонаи миллӣ ворид шудааст ва хонандагон метавоннад онро дар толорҳои хониш суроғ кунанд ва мутолиа намоянд.