Ҳар рӯзамон Наврӯз аст!

Ин таманнои наврӯзист, ки дар остона ва рӯзҳои ин ҷашни хуҷастапай ба ҳамагон иброз медоштем:

Наврӯзатон фирӯз бод,

Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!

Ва ин ягона ҷашнест, ки кӯҳна намешавад. Аз 21-уми март то ба ҳол дар гӯшаву канори кишвар онро таҷлил мекунанд. Касоне, ки таътили наврӯзӣ доштанд, баъди шурӯъи рӯзҳои нави корӣ бо ҳамкорон Наврӯз таҷлил карданд. Аз ҷумла, Шӯъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ низ як рӯзи кории худро бо хонандагонаш дар таҷлили Наврӯз гузаронд. Ва чӣ рӯзи хуше, чӣ саҳнаҳои дилпазире!

Бо атфол будани ҳамроҳашон тифлона хандидан на ба ҳар кас муяссар мешавад. Воқеъан ҳам ин лаҳзаҳо шодиҳо доштанд, атфол аз зумраи хонандагони фаъоли толори хониши шуъба бо рақсу тарона, шеърҳои баҳориву наврӯзӣ ба ин ҷашнвора ҳозир шуданд.

Ҷашнвора “Наврӯзи диёр омад” ном дошт ва дар он муовинони Директори Китобхонаи миллӣ Гадобег Маҳмудов ва Салима Раҷабова ширкат карданд. Дар сухани ифтитоҳии худ Гадобег Маҳмудов наврӯзро ҷашни сарсабзиву хуррамӣ номид ва гуфт ин ҷашнвораи ниёконамон имрӯз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ густардатар таҷлил мешавад ва ба як ҷашни ҷаҳонӣ табдил шудааст. 

Азизи Азиз, нависандаи маъруфи кӯдакнависи тоҷик ҳозиронро ба муносибати Наврӯз муборакбод кард ва ба атфоли гирдомада беҳтарин хушиҳои баҳори умрро орзу кард.

Барномаи фарҳангии чорабинӣ рангоранг буд. Ҳозирон ҳам Бобои Наврӯзро истиқбол гирифтанд ва ҳам аз ӯ соҳиби туҳфаҳои наврӯзӣ – китобҳои ҷолибу хонданӣ ва дафтару қалам шуданд.

Шеъру таронасароӣ карданд, байтбарак карданд, суруд хонданду рақсиданд, сислсилаи бозиҳои варзиширо ҳам иҷро карданд, навои дилкаши думбраро ҳам шуниданд. 

Наврӯзии шӯъбаи кӯдакон ва наврасон хеле диданиву дилкаш буд.