Аз матои рағза бештар чакман медўзанд ва он яке аз афзори болопўши чўпонҳо ба шумор меравад, чунки барфу боронро аз худ намегузаронад. Дар Варзоб занҳо дар дукони заминӣ рағзаҳои нисбатан дурушт мебофтанд, ки он барои пайтоба истифода мешуд. Дар деҳаҳои Дарвоз аз матои рағза шалворҳои ғафси пашмин тайёр мекарданд, ки он «шорағза» ном дошт ва барои иҷрои корҳои вазнин дар фасли зимистон, инчунин барои човандозҳо дар мусобиқаи бузкашӣ хеле мувофиқ буд.
Рағза матои дурушти пашминиест, ки риштааш аз пашми гусфанд тайёр мешавад. Ҳунари рағзабофӣ асосан дар байни тоҷикони кўҳистон ва қисман водиҳо, ки ба парвариши гўсфандон шуғл доранд, аз замонҳои қадим маъмул буд. Рағзабофӣ кори занҳо буда, одатан онҳо дар фасли зимистон ришта ресида, аз он дар дукон матои рағза мебофтанд. Нахуст пашми гӯсфандҳоро тарошида, аз он тавассути дук (дар баъзе ҷойҳо онро «орчуқ» ё «урчуқ» меноманд) ё чалак риштаи пашмин мересиданд. Риштаҳои омодашударо ба дукони рағзабофӣ васл карда, ба бофтани рағза шурўъ менамуданд.
Қисми асосии дастгоҳ аз чорчўба ва шохчаҳо иборат буданд. Шохаҳо аз чўбҳои нафиси буттаи ирғай тайёр карда мешуд, ки миқдори он 75 ададро ташкил мекард. Шоха тақрибан 40 см дарозӣ дошта, баландияш 26-27 см буд. Ҳалқаҳои риштаҳо ба чила баста мешуд, ки аз байни онҳо «мафтулак» -торҳо мегузаштанд. Пудҳоро ба мокуҳо мепечониданд ва бофанда пудро бо дастонаш оҳиста-оҳиста мекушод. Бари матои рағзаи бофташуда як ваҷабу чор ангушт, яъне 25-30 см ва дарозии он ба ҳашт газ баробар буд.
Рағзаи омодашударо аз дукон кушода гирифта, дар бўғи оби ҷўшон дам медоданд ва баъд аз он дар хонаи гарм рўйи тахтаи ҳамвор мегузоштанд ва бо пой зер мекарданд. Рўзи дигар матоъҳоро дар болои бом паҳн карда мехушкониданд. Сипас рағзаро кашида, баробар менамуданд ва ба чўби ғафсе мепечониданд.
Аз матои рағза бештар чакман медўзанд ва он яке аз афзори болопўши чўпонҳо ба шумор меравад, чунки барфу боронро аз худ намегузаронад. Дар Варзоб занҳо дар дукони заминӣ рағзаҳои нисбатан дурушт мебофтанд, ки он барои пайтоба истифода мешуд. Дар деҳаҳои Дарвоз аз матои рағза шалворҳои ғафси пашмин тайёр мекарданд, ки он «шорағза» ном дошт ва барои иҷрои корҳои вазнин дар фасли зимистон, инчунин барои човандозҳо дар мусобиқаи бузкашӣ хеле мувофиқ буд. Дар Мастчоҳ онро «эзори шорағза» меномиданд, ки бештар шикорчиён онро аз болои шалвори пахтагин дар ҳавоҳои сард мепўшиданд. Аз рағзаи дурушт инчунин линга ,хурҷин, чоруқбанд ва арғамчин тайёр менамуданд.
Рағза се навъ дошт: сафед, сиёҳ ва тиранг. Навъи аз ҳама арзишманд ва хушнамудаш рағзаи сафед ба шумор мерафт, ки он дар дуконҳои муқаррарӣ ба мисли карбос бофта мешуд.
Аз китоби “Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон”. Соли нашр 2017.
Таҳияи Шаҳло Раҳимова,
Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти
фаъолияти китобдорӣ.