Мизи мудаввари «Пайки ҳунар» бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ
Нашр шуд 2018-02-27 21:35
Ин мизи мудаввар баъди зуҳри рӯзи сешанбе бо ташаббуси Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид ва он ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуд. Ҳадаф ибрози назарҳо атрофи силсилачорабиниҳо ва иқдомот барои таҷлили Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар кишвар буд.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Абдусалом Мирализода дар сухани муқаддамотии худ дар бораи муҳим будани рушди ҳам сайёҳӣ ва ҳам ҳунарҳои мардумӣ изҳори назар кард. Вай аз ҷумла гуфт: “Бояд як нуктаи муҳимро зикр намоям, ки ҳангоми омӯзиши сарчашмаҳои таърихӣ ва фарҳангӣ муайян гардид, ки ҳанўз ҳам бисёр ҷанбаҳои гуногуни суннатҳои миллӣ ба таври комил мавриди пажўҳиш ва омӯзиши дақиқ қарор нагирифтаанд. Албатта, сарчашмаҳои таърихиву мардумшиносӣ то замони истиқлол қисман аз ҷониби мухаққиқони рус ва дигар кишварҳо таҳқиқ гардида, вале маҳсули заҳмати ҳунармандони замони Истиқлол хеле кам мавриди омўзиш қарор дода шудааст. Аз ин рӯ зарур меояд паҳлуҳои гуногуни ҳунарҳои м ардумии кишвар таҳлилу таҳқиқ шаванд. Миллати тоҷик аз қадим ба ҳунар аҷр мегузошт ва имрӯз мутаассифона, ҷаҳонишавӣ боис ҳам шудааст, ки баъзе намуди ҳунарҳои м ардумӣ аз миён рафтаанд”.
Дар ин нишаст муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, раиси Бунёди байналмилалии косибони Тоҷикистон “Ҳафт пайкар” Мукаррама Қаюмова, раиси Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон, директори ҶДММ Рухом Муфарраҳ Муҳаббатов, сарвари ташкилоти ҷамъиятии Назира Аспармоҳ Мавлонназарова ширкат ва суханронӣ намуданд.
Дар интиҳо намоиши маҳсулоти Бунёди байналмилалии косибони Тоҷикистон Ҳафт пайкар ва Ташкилоти ҷамъиятии Назира ба маърази тамошо гузошта шуд.
Фарзонаи МИРЗО