Таҷлили рӯзи ҷаҳонии «Эҳдои китоб»: Дар Китобхонаи миллӣ ба атфол китоб тақдим карданд
Нашр шуд 2018-02-14 15:50
Дуюмин сол аст, ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии “Эҳдои китоб”-ро таҷлил мекунад. Чун соле пеш субҳи имрӯз низ Шӯъбаи кӯдакон ва наврасон ба хонандагони хурдсолаш китоб туҳфа намуд.
Хонандагони толори хониши кӯдакон ва наврасон аввал дар бораи ин ҷашнвораи ҷаҳонӣ маълумот гиифтанд. Сипас, бо хоҳиши кормандони Шуъба дар бораи китоб шеъру байтҳо хонданд. Оид ба аҳамияти китоб ва китобхонӣ аз диди худ суҳбат оростанд.
Рӯзи ҷаҳонии Эҳдои китоб оё аз қабл буда ва ё ҳоло шуруъ шудааст? Дар посухи ин суол расонаҳои мушкил доранд ва аз чанд таърихе ном бурда мешавад. Яқинан чунин рӯзе дар тақвими Созмони Миллаи Муттаҳид ё дигар созмони бонуфузи байналмилалӣ нест ва агар мешуд албатта, хубтар буд.
Мегӯянд аслан ин иқдоми поягузори сомонаи машҳури китоби кӯдак Delightful Children’s Books дар ИМА Эмми Бродмур буд. Аммо ғояи тақдими китоб ба писари кӯчаки Эмми мансуб будааст. Гӯё вай суол кардааст, ки чаро рӯзи вежае нест, ки одамон ба ҳамдигар китоб тақдим кунанд? Билохира, 14—уми февралро рӯзи ҷаҳонии Эҳдои китоб эълон кардаанд ва инак, шаш сол аст, ки дар ин рӯз инсонҳо ба ҳамдигар китоб туҳфа мекунанд ва шояд ин бебаҳотарин ҳадяи инсон ба инсон бошад.
Соле қабл Китобхонаи миллӣ ба ин иқдоми ҷаҳони пайваст ва аз аввалинҳо шуда Шуъбаи кӯдакон ва наврасон ба хонандагонаш аз ҳисоби бойгонии худ чанд нусха китоб тақдим намуд. Имсол бошад ин ҷашнвора аз порина бошукуҳтар гузашт, бо шеърхонӣ дар васфи кутобу суҳбат дар бораи китобу китобхонӣ ва фазилати доштани китоб ва китобхонаи шахсӣ. Хубиҳои китобхонӣ дар китбхона ва ғайра.
Соли гузашта ба дунболи пахши хабари эҳдои китоб мо бо суоле ба корбарони Фейсбук муроҷиаит карда будем: Оё аз ин рӯз хабар доштанд ва ё на.
Посухҳои онҳо дар матлабе интишор дода будем, ки хоҳишмандон метавонанд
аз ин ҷо мутолиа намоянд.