Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигоҳдорӣ мекунанд, то ин ки наслҳои имрўза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд.
Эмомалӣ Раҳмон
Соиб, матлаб рўйи дил, аз кас, ки дар ин аҳд,
Рўйе, ки нагардад зи касе, рўйи китоб аст.
Соиби Табрезӣ
Бе китоб мо дар олами вуҳўш боқӣ мемондем.
К.Гелветский файласуфи фаронсавӣ
Ҳар китобро қисмату насиби худ ҳаст. Китобҳое ҳастанд, ки як рўз умр мебинанд ва китобҳое ҳастанд, ки аз насл ба наслҳо гузашта, умри абад мебинанд.
Маршак, адиби рус
Китоб хосса дунёи зебою меҳрубонест, ки мо дар он зистан ва хушбахт шудан метавонем.
Уилям Вордсворт, шоири инглис
Китобҳо одамони дар ҷилдҳо хобида мебошанд.
Макаренко, педагоги рус
Китоб баҳри бесоҳил, уқёнуси донишҳост.
М. Нечкина, муаррихи рус
Одамони нек ва шахсони бузург намемиранд … руҳи ҷовидонии онҳо дар китобҳо маскан гузида, то абад зинда мемонанд.
С.Смайлс, адиби англис
Китоб мазмуни ҳаёти руҳии халқ аст ва ҳамин тавр хоҳад монд. Ҳарфҳои сиёҳи рўйи қоғаз , варақҳои дар китоб гирдомада махзани беҳтарини афкор, манбаи илҳомбахши ғояҳои нав мебошанд.
****
Китоб ҳам мисли тифл дар батни модар аз хуни дили эҷодкори худ ғизо меҷўяд.
Е.Лихтенштейн, китобшиноси рус
итобҳо солномаҳои халқҳо мебошанд. Онҳо таҷрибаҳои беназири дар давоми асрҳо ҷамъшударо аз аср ба аср интиқол медиҳанд. Китобҳо ҷавҳари андешаҳои олӣ ва босамари мутафаккиронанд, ки ба пешвози одамони оддӣ баромада, дар ҳама кор мадад мерасонанд. Китобҳо ҳама завқҳоро қонеъ гардонида, ташнагиро мешикананд.
Канйел, китобдорӣ орлеанӣ
Китоб васиятномаи як насл ба насли дигар аст. Тамоми ҳаёти инсоният мунтазам дар китоб нақш мебандад: одамон, қабилаҳо, давлатҳо нобуд мешаванд, аммо китоб боқӣ мемонад. Он дар якҷоягӣ бо инсоният рушд меёбад. Дар он ҳамаи таълимоте, ки афкору эҳсосот ва қалби инсонҳоро ба ваҷд меоварад, сабт мегардад. Дар китоб васиятномаи ҳаёти пурҷўшу хурўши халқ, тарҷумаи ҳоли он, ки таърихи ҷаҳонӣ ном дорад, насб шудааст.
Л.Гертсен, адиби рус
Муфидтарин китоб он аст, шуморо ба фикр кардан водор созад.
*****
Китоб тавонотарин қувватест, ки нисбат ба халқи худ муҳаббат мепарварад, ғояҳои бузург, мақсадҳои олии моро дар роҳи ояндаи саодатманд мунаввар мегардонад. Тарбияи хислати матини муборизон, ватандўстони шуълавар, меҳнаткашони эҷодкор маҳз аз китоб аст.
Гладков, адиби рус
*****
Гирдоваранда М. Каримов,
Маркази такмили ихтисос