Ҷашни Сада муборак ба ҳамватанон !
Нашр шуд 2018-01-30 12:48
Ҷашни Сада ба оини Меҳргароӣ (Митроӣ) дуруст меояд, ки аз оини Зардуштӣ 3000-то 5000 пеш мавҷуд буд. Дар оини Зардуштӣ муқаддасоти ҷашни Сада нигоҳ дошта шуд. Пешгузаштагони мо дар ин рӯз ҷашн ороста, тамоми шаб гулхан меафрӯхтанд ва дар гирди он рақс мекарданду суруд мехонданд. Сада то асри 12 ҷашн гирифта мешуд, лекин баъдҳо аз байн рафт, вале нишонаҳои он - гулхан афрӯхтан, дар гирди он базм оростан ҳанӯз ҳам дар байни мардуми тоҷик ба назар мерасад.
Сада яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми эронинажод,ки рўзи даҳуми моҳи ёздаҳуми солшумории шамсӣ-Баҳман барпо мешуд. Азбаски даҳуми Баҳман то ҷашни Наврўз панҷоҳ шабонарўз аст, ин рўзро Сада ном ниҳоданд. Зеро ба гуфти Абўрайҳони Берунӣ, форсиён шабу рўзро алоҳида ҳисоб мекарданд.
Дар даҳумин рӯз аз баҳманмоҳ бо афрӯхтан ҳезуме, ки мардум, аз пагоҳӣ бар бомӣ хонаи худ ё бар баландии куҳистон гирд оварданд, ин ҷашн оғоз мешавад. Дар ишороте торих, ин ҷашн ҳамеша ба шакле дастҷамъӣ ва бо гирдиҳам омадани ҳамаи мардумони шаҳр, маҳалла ва русто ва бо барпой кардани як оташи бузург баргузор мешудааст.
Мардумон дар гирд овардани ҳезум ба якдигар кумак мекарданд. Аз ин рӯ Садаро ҷашни ҳамкорӣ ва ҳамбастагии мардумон меноманд. Аз шаби таваллуди хуршед, пас аз чил рӯз барои гарму сӯзон шудани офтоб, ниёкони мо ҷашни Садаро гиромӣ медоштанд. Дар ҷашни Сада маросими афрӯхтани оташ ва паридан аз болои он ривоҷ доштааст. Ин расм дар миёни насрониҳо, ба вижа русҳо, ҳамчун ҷашни “масленнитса”, роиҷ аст.
Ҳамин тавр чилрӯзагии хуршедро дар рӯзи даҳуми баҳман чун Сада ҷашн мегирифтанд ва пас аз 50 рӯз, яъне 21 март Наврӯз мешуд.
Аҷдоди мо дар ин рўз ҷашне меоростанд ва тамоми шаб гулхан афрўхта, дар гирди он рақсу бозӣ мекарданд ва ба сўи осмон кабўтарҳо сар медоданд.Аз рўи одат ба муносибати ҷашни Сада шоҳону амирон ҷамъ меомаданд ва шоирон дар васфи Сада чакомаҳо месуруданд ва тавасути ангориши анъанаҳои неки аҷдоду мадҳи сарварони замон мамдуҳонро ба саховатмандию мурувват даъват мекунанд.
Сада то асрҳои 10-11 ҳар сол ҷашн гирифта мешуд,лекин баъдтар,тадриҷан аз байн рафт.Баъзе унсурҳои ҷашни Сада монанди афрўхтани оташ дар байни халқҳои форс-тоҷик,хусусан дар эҷодиёти Фаррухии Систонӣ, Унсурии Балхӣ, Адиб Собири Тирмизӣ ва дигарон ва қасидаҳо дар васфи сада бисёранд. Аз ҷумла, Фаррухӣ дар “Ҷашни сада” гӯяд:
Равшанӣ дар осмон з-ин оташи ҷашни Сада-ст,
К-аз сари хоҷа бо гандум ҳаме ҳамсар шавад.
Таҳияи Зебуннисо Сафарова,
Мутахассиси пешбари шуъбаи
адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар