“Равшандилон”-и ҳафта: шеърхониву байтбараку шоҳбайтгӯӣ

Маҳфили навбатии “Равшандилон”-и Шуъбаи хизматрасонии махсус, ки баъди зуҳри дирӯз баргузор шуд, асосан маҳфили шеърхонӣ ва байтбараку  латифа, ҳазлу мутоиба буд.

Ҳасан ва Ҳусейни Бихтиёрзода, Паривнаи Азиз, Хушбахти Одина, Ҷомӣ Сафарзода чанд порча аз ашъори классикони адабиёти форсу тоҷик қироат карданд.

Хушбахти Одина шеърҳои нави худро хонд.

Ҳусейни Нурмуҳаммад латифагӯӣ кард. Парвина, Ҳасан ва Ҷомӣ низ ҳикоёти ҷолиберо нақл карданд ва маҳфил аз шавқи нақлҳои латифи ширкаткунандагон гарм мешавад.

Ҳусейни Нурмуҳаммад муаммогӯӣ мекунад ва таваҷҷуҳи ҳозиринро ба худ мекашад. Баҳси гарме атрофи муаммои нақлкардаи ӯ оғоз мешавад.

Ва дар хотима шоҳбайтхонӣ оғоз мешавад. Ширкаткунандагон яке паси дигар байтҳои ноб мегӯянд, муаллифони байтҳоро ва баъзан маънии онҳоро мекушоянд.

Маҳфили “Равшандилон” асосан вижаи афроди дорои имкониятҳои маҳдуд аз ҷумлаи хонандагони доимии толори хониши хизматрасонии махсус аст.

Он моҳе як маротиба баргузор мешавад ва ҳадаф мутолиа ва баррасии эҷоди аъзои маҳфил аст.