Агар инсон аз хурдсолӣ афсона шунавад, афсона хонад, афсона донад, зиндагии ӯ дар оянда низ зебову гуворо хоҳад шуд. Чунки афсона ба инсон дарси ҷавонмардиву қаҳрамонӣ, ростгӯиву ростқавлӣ, далериву шуҷоатманд, меҳрубониву вафодорӣ ва садоатмандӣ омӯхта, барои амалӣ намудани орзуҳои ширину рангинаш ҳидоят менамояд.
Афсона аз замонҳои қадим то имрӯз аз даҳон ба даҳон, аз насл ба насл, аз деҳ ба деҳ, аз кишвар ба кишвар гузашта, суфтаву равон мегарданд ва боз ҳам такмил меёбад.
Беҳуда нест, ки бузургону адибони ҳамаи ҳалқҳо ба ин сарвати бебаҳои халқӣ аҳамияти махсус дода, онҳоро ҷамъоварӣ ва ба наср бозгӯйӣ кардаанд.
Муассисаи нашриявии «Маориф» барои хурдсолон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ «Афсонаҳои халқи тоҷик»-ро мувофиқи имлои забони тоҷикӣ, ки бо қарори Ҳукумати Xумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, №458 тасдиқ шудааст, таҳриру тасҳеҳ намуда, пешкаши хонандагони хурдсод кард. Ва чанд дона аз ин китоби зебову хонданӣ дар толори наврасон ва кӯдакони Китобхонаи миллӣ ворид шудааст, ки шумо метавонед аз онҳо истифода кунед.
Прфессор Равшан Раҳмонӣ дар сарсухани ин китоб менависад: “Дар афсонаҳо ва дигар гуфтаҳои мардум рамзу розҳо, эътиқоду боварҳое ниҳон аст, ки инсон рӯзгорашро ба он дар пайванд медонад. Барои ҳамин мардумони гуногун олам афсонаро дӯст медонад, саргузашту сарнавишти хешро дар қолаби афсона мегӯянд ва онро ҳамроҳи худ ба ҳар ҷо мебаранд. Ана ҳамин тавр афсонаҳо низ ба монанди инсонҳо сафар мекунанд. Аз даҳон ба даҳон аз насл ба насл, аз деҳ ба деҳ, аз ноҳия ба ноҳия, аз кишвар ба кишвар ҳамроҳи одамон сафар мекунанд ва боз ҳам равону суфтатар мешаванд ва такмил меёбанд.
Агар решаи пайдоиши афсонаҳои тоҷикиро ҷустуҷӯ намоед, он таърихи чандҳазорсола дорад. Ин нақлҳои зеборо адибон низ дар давоми чанд ҳазор сол шунида, дар осори худ ҷой додаанд. Дар гузашта адибони зиёд ба мисли Ҳаким Абдулқосим Фирдавсӣ, Низоми Ганҷавӣ, Мавлоно Xалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Xомӣ, Садриддин Айнӣ, аз адибони машҳури кишварҳои ҷаҳон Шарл Перрои франсуз, бародарон Гримми олмонӣ, Александр Пушкини рус, Ҳанс Андерсени даниягӣ ва монанди инҳо афсонаро ба назму наср бозгӯ кардаанд...”
Намехоҳем иқтибосе аз ин бештар орем ва намехоҳем муҳтавои ин китоби арзишмандро бароятон нақл кунем. Хубтараш шумо худ ташриф оред ва ин китобро дар толори хониши Шуъбаи кӯдакон ва наврасон мутолиа намоед.
Дари мо ҳамеша ба рӯйи шумо боз аст.