Ба таваллуди Радий Фиш 93 сол пур шуд

Дар осори Радий Фиш ду асар аз гузаштагони мо ёдовар мешавад: муаллифи романе дар бораи Мавлоно Мавлавии Балхӣ ва китобе дар бораи устод Садриддин Айнист.

Фиш  Радий  Геннадиевич 28-уми октябри соли 1924 дар шаҳри Ленинград ба дунё омада, 6-уми сентябри соли 2000 дар шаҳри Маскав аз олам даргузаштааст.

Нависанда ва адабиётшиноси рус. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ.

Соли 1949 Донишкадаи шарқшиносии Москваро хатм кардааст. Асарҳояш аз соли 1948 ин ҷониб чоп мешаванд. Таассуроти давраи экспедитсияҳои Арктикаро дар повестҳои «Бо тўр моҳӣ мегирам» (соли 1966), «Зинда бод хирсҳо!» (соли 1983) тасвир намудааст.

Фиш муаллифи якчанд асари тадқиқӣ оид ба адабиёту маданияти турк, аз ҷумла  «Сабоҳаддин Алӣ» соли 1959, «Нозим Хикмат» (соли 1978) мебошад.

Дар бораи зиндагӣ ва осори Ҷалолуддини Румӣ романе бо номи «Ҷалолуддини Румӣ» (соли 1972) навиштааст.

Ў ҳамроҳи адабиётшиноси тоҷик Раҳим Ҳошим ба муносибати 100-солагии зодрўзи асосгузори адабиёти советии тоҷик С. Айнӣ соли 1978 китоби «Бо чашми дил»-ро (тарҷумаи тоҷикӣ «Бо амри виҷдон», 1979 ) таълиф намуд. Фиш зиёда аз 20 асари шоиру нависандагони туркро ба забони русӣ тарҷума кардааст.

Бозчоп аз «Энсиклопедияи советии тоҷик». – Душанбе, 1987. – Ҷ.7. – 568 с.

Аз осори    Радий Фиш  дар Китобхонаи миллӣ ин асарҳо ва мақолаҳро метавонед мутолиа намоед:

Иду с тралом. – Москва, 1966.

Джалолиддин Руми. – Москва, 1972.

Глазами совести. – Москва, 1979.

Бо амри виҷдон. – Душанбе, 1980 (ҳаммуаллиф):

Назым, Хикмет. – Москва, 1986.

Ҷалолуддини Румӣ. Рўзгори одамони наҷиб. – Душанбе, 2007. 

Таҳияи Меҳрангез Ғуломова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ