Арастуи Шарқ - Абўнасри Форобӣ
Муаллими сонӣ, Арастуи Шарқ, Устоди сонӣ...инҳо ҳама лақабҳои Абӯнасри Форобианд. Донишманди маъруф аввалин касе буда, ки осори файласуфони мумтози Юнони Қадимро омӯхтаву бар онҳо шарҳҳо навиштааст ва ҳамчунин бар поя ва ҳатто болотар аз онҳо асарҳои худро офарида.
Китоби форсии ӯ дар илми мусиқӣ маъруфтарин таълифот дар ин фан дониста мешавад. Иттилооти вай дар риёзиёт ва мусиқӣ хуб, вале дар тиб ва табииёт мутавассит будааст. Равиши фалсафии вайро бояд дар ҳақиқат як равиши нави афлотунии исломӣ номид.
Гаронқадр осори худро бо забони арабӣ бар ҷой гузоштааст. Ва аз ҷумлаи шахсиятҳои камназир аст, ки осор ва афкораш маъруфияти ҷаҳонӣ пайдо кардааст.
Ба Форобӣ ашъори форсиро ҳам нисбат медиҳанд, ки ин рубоӣ аз ин ҷумла аст:
Асрори вуҷуд хому нопухта бимонд,
В-он гавҳари бас шариф носуфта бимонд.
Ҳар кас ба далели ақл чизе гуфтаст,
Он нукта, ки асл буд, ногуфта бимонд.
Абўнаср Муҳаммад ибни Тархон Форобӣ соли 873 дар Фороб ба дунё омадааст. Олими энсиклопедист ва файласуфи Шарқи Наздику Миёна. Форобӣ дониши ибтидоиро дар зодгоҳаш деҳаи қадимаи Фороб гирифта, сипас барои такмили илм ба Бухоро ва Бағдод сафар кард. Илми фалсафаро дар назди донишмандони давр Абўбишри Матто ва Юҳанно ибни Хайлон омўхт.
Форобӣ пас аз хатми таҳсил ба як қатор шаҳру мамлакатҳои дигари араб, аз қабили Димишқ, Ҳалаб, Ҳеррон, Миср ва ғайра сафар карда, бо комёбиҳои илмию фалсафии ин шаҳру кишварҳо шинос шуд. Чун олими забардаст ва муаллими сонӣ (пас аз Арасту) шўҳрат ёфт.
Маҳз дар ҳамин давр ў асарҳои файласуфони машҳури Юнони Қадим- Демокрит, Афлотун, Арасту, Буқрот (Гиппократ), Афлутин (Плотин), Фарфириус (Порфирий) Уқлидус (Евклид), Батлимус (Птоломей) ва дигаронро мутолиа намуда, аксарияти онҳоро тафсир кард.
Солҳои охири ҳаёти худро дар Димишқ ва Ҳалаб ба таълиму таълиф гузарондааст.
Бино ба маълумоти муҳаққиқон Форобӣ зиёда аз 160 асар таълиф намудааст. Як қисми асарҳояш ба шарҳу тафсири таълифоти фалсафии файласуфони давраи атиқа мансубанд. Масалан, ў ба «Метафизика», «Этика», «Риторика», «Софистика»- и Арасту шарҳ навишта, зимни тафсири масъалаҳои фалсафӣ назари худро низ баён намудааст.
Асарҳои Форобиро маъмулан ба чанд гурўҳ ҷудо мекунанд. Гурўҳи умдаи асарҳои мутафаккир («Калом фил-ақл-ил-кабир», «Китоб фил-ақл-ис-сағир», «Китоб-ул-мухтасар-ил кабир фил-мантиқ», «Китоб-ул-бурҳон», «Рисола фи моҳият-ин- нафс», «Калом фил-ҷавҳар» , «Уюн-ул-масоил» ва ғайраҳо) ба масъалаҳои мантиқу фалсафа оиданд. Дар як қатор асарҳои ў («Китоб фи усули илм-ит-табиа», «Китоб ул-мадхал фил-ҳисоб», «Мақола фи вуҷуд саноат-ил-кимиё вар-радд-ало мубтилиҳо») масъалаҳои табиию илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Дар таълимоти фалсафии Форобӣ ақидаҳои эстетикӣ мавқеи хос доранд. Зимни баёни ақидаҳои иҷтимоию сиёсиаш мутаффакир ба категорияҳои муҳими эстетикӣ аҳамият додаст. Файласуф дар рисолаи «Китоб-ут-танбеҳ ало сабили-с-саодат» бахтро дараҷаи камолоти инсонӣ медонад, ки ҳар фард барои ба он расидан бояд кўшиш кунад.
Абӯнасри Форобӣ соли 950 дар Димишқ вафот кардааст.
Бозчоп «Энсиклопедияи советии тоҷик”. – Душанбе, 1987. Ҷ. 7. – С. 577-579.
Муаллиф: Содиқов, А.
Аз ин файласуфи бузург ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ метавонед ин асарҳоро суроғ кунед:
Фанни шеър. – Душанбе: Ирфон, 1985. – 192 с.
Рисола дар бораи қонунҳои санъати шеърӣ / Тарҷума аз арабӣ Ҳасан ал - Наққош // Фанни шеър. – Душанбе, 1985. – С. 61-62.
Дар бораи ӯ
Олимов, К., Султонов, У. Абўнасри Форобӣ: Адиби бузурги асри IX // Маориф ва маданият. – 1972. – 16 ноябр.
Султонов, М. Арастуи Шарқ: Ба муносибати 1100-солагии Абўнаср Форобӣ // Комсомоли Тоҷикистон. – 1973. – 24 август.
Олимов, К. Арастуи сонӣ: Дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Абўнасри Форобӣ // Садои Шарқ. – 1973. – №10. – С.130-136.
Шамсиддинов, Ҷ. Устоди сонӣ: Дар бораи олими машҳур файласуфи асри миёнагӣ Абў Наср Муҳаммад Ибни Муҳаммад Тархон Форобӣ // Комсомоли Тоҷикистон. – 1974. – 10 июл.
Ҳодизода, Р. Ақидаҳои эстетикии Форобӣ // Садои Шарқ. – 1975. – №9. С.137-145.
Шамсиддинов, Ҷ. Файласуфи бузурги асрҳои миёна: Ба пешвози 1100- солагии Форобӣ // Маориф ва маданият. – 1975. – 19 июн.
Содиқов, А. Абўнаср Ал-Форобӣ дар бораи ахлоқ: Бахшида ба 1100-солагии рўзи таваллуди Абўнасри Форобӣ // Мактаби советӣ. – 1975. – №10. С.27-31.
Диноршоев, М. Султонов, У. Абўнасри Форобӣ: Аз ҳаёт ва эҷодиёти мутафаккири асри IX // Маориф ва маданият. – 1976. – 18 март.
Ҷонбобоев, С. Пайвандӣ бо решаҳо мансубияти қавмиву этникии Абўнасрӣ Форобӣ // Ҷумҳурият. – 2016. – 13 апрел.
Таҳияи Хуршеда Ҷўраева
Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ