Сарчашмаҳо ва ҷавҳари асосии хизматрасонии иттилоотӣ ба хонандагон

Бо вуҷуди ин ба муваффақиятҳои муайяни ба даст овардаи соҳаҳои иттилоотшиносӣ ва библиографияшиносӣ нигоҳ накарда, хизматрасонии иттилоотӣ ба хонандагон ҳамчун яке аз омилҳои муҳими пешрафти минбаъдаи илми китобдорӣ ва оммавӣ гардонидани он дар ҷомеа ба тавсияҳои  амалӣ  эҳтиёҷ дорад.

Солҳои охир нақши иттилооти илмӣ дар пешрафти ҷамъият яке аз мавзуҳои асосии баҳсу мунозираи олимону мутахссисони соҳаҳои  гуногун гаштааст. Доир ба ин масъалаи муҳими назариявию амалӣ дар мамлакат шумораи зиёди марказҳои иттилоотӣ ва теъдоди муайяни адабиёти илмию оммавӣ ба табъ расидааст, ки дар онҳо ҷиҳатҳои мухталифи ташкили корҳои иттилоотӣ, роҳҳои фароҳам овардани иттилооти илмӣ ва истифодаи он дар алоқамандӣ бо дараҷаи имрӯзаи тараққиёти ҷамъият асоснок карда шудааст.     

Бинобар ин аз тарафи муассисаҳои гуногуни тадқиқотию илмӣ мунтаззам нашрияҳои даврию маҷмӯаҳои илмӣ интишор мешаванд, ки онҳо аз равнақи илми китобшиносӣ шаҳодат медиҳанд. Инчунин, доир ба масъалаҳои омўхтани таъриху маданияти бисёрасраи халқҳои форсу тоҷик аз тарафи ховаршиносии ватанию хориҷӣ мунтаззам асарҳои монографӣ ба миён меоянд, ки онҳо сафи адабиёти илмии ба ҳаёти Тоҷикистон алоқамандбударо ғанӣ ва рангин мегардонанд. Қобили қайд аст, ки аҳли илми тоҷик, дар ҳалли бисёр масъалаҳои баҳсталаб фаъолона иштирок мекунанд, ки ин дорои аҳамияти ҷаҳонӣ мебошад. Ҳамаи ин шаҳодати он аст, ки ҷумҳурӣ дар пешрафти илму техника  ҳиссаи муайян дошта, мунтаззам иттилооти илмиро ба хонандагон бештар мекунад.

            Бо вуҷуди ин ба муваффақиятҳои муайяни ба даст овардаи соҳаҳои иттилоотшиносӣ ва библиографияшиносӣ нигоҳ накарда, хизматрасонии иттилоотӣ ба хонандагон ҳамчун яке аз омилҳои муҳими пешрафти минбаъдаи илми китобдорӣ ва оммавӣ гардонидани он дар ҷомеа ба тавсияҳои  амалӣ  эҳтиёҷ дорад.  

            Мутобиқ ба ин дар ҷумҳуриямон барои қонеъ гардонидани талаботи хизматматросонӣ ба гуруҳи донишҷӯён, унвонҷӯён, аспирантон, докторони илм, олимону омӯзгорони мактабҳои олӣ, мутаххассисони соҳаҳои алоҳидаи истеҳсолот маҷмӯи ягонаи хизматрасонии иттилоотӣ ташкил карда шудааст. Ба он Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи давлатии патентию техникӣ, Китобхонаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ, Китобхонаҳои вилоятии ба номҳои Ш. Шоҳин дар  Хатлон, дар ш. Қурғонтеппа, С. Айнии Хатлон дар ш. Кӯлоб, А. Рӯдакӣ ВМКБ дар ш. Хорӯғ, Т. Асирӣ вилояти Суғд, дар ш. Хуҷанд, китобхонаҳои шаҳрӣ, китобхонаҳои мактабҳои олӣ ва ғайра дохил мешаванд.

Баҳри пешрафти фаъолияти кор дар ин самт аз ҷониби Муассисаи давлатии Китобхонаи милли Тоҷикистон чандин дастурҳои библиографӣ тартиб дода шудаанд, ки ба хонанда оиди адабиёти тозанашр бахшида ба шоирон, нависандагон, шахсиятҳои маъруфи сиёсӣ, ҷашнҳои миллӣ маълумот медихад. Аз ҷумла, дар тули 5 соли охир аз ҷониби Китобхонаи миллии Тоҷикистон чунин номгўи гуногуни иттилоотӣ аз қабили методию библиографӣ ба чоп расидаанд:

Эмомалӣ Раҳмон: Китобномаи шархиҳолӣ (соли 2013);
Вахдати миллӣ (соли 2014);
Бадриддин Ҳилолӣ ва Сайдои Насафӣ (соли 2014);
Нобиғаҳои давру замон (соли 2014);
Об- манбаи хаёт. Феҳристи адабиёт (соли 2013);
Китобхонаҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол (соли 2016);
Китобхонаҳои электронӣ ва дастёбӣ ба он (соли 2014);
Осорномаи академик Хуршеда Отахонова. Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Гавҳаршиноси маънӣ (соли 2016);
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (соли 2015);
Адабиёт оид ба фарҳанг ва ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тақвими санаҳои ҷашнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017;Осорномаи Соҳиб Табаров
ва ғайра мебошад.

Аз ин ҷониб бештар гардидани маводҳои иттилоотӣ дар самтҳои фаъолияти соҳаҳои гуногуни ҷомеа аз натиҷаҳои хуби дастовардҳо ба ҳисоб меравад. Бинобар ин нақш ва вазифаи МД Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҷамъоварӣ ва паҳнамои ин маводҳо ва сарчашмаҳои иттилоотӣ мебошад.

Шоҳзодаи Нурмуҳаммад,
мутахассиси шуъбаи
хизматрасонии библиограф
ӣ