Фарзанди номдори Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ, ки бо пайроҳаи падар нарафт, нависанда нашуд, шоҳроҳи илмро тай кард ва кимиёшиноси барҷаста шуд. Аз ровиёни хуби рӯзгори Ҷалол Икромист. Баъди реҳлати адиби номдор бо навиштани даҳҳо мақолаву оростани суҳбатҳои ҷолиб аз ҳаёти падар ва рӯзгори хонаводаи адиб қиссаҳои ҷолибе кардааст.
Икромӣ Ҷонон Ҷалолович соли 1936 дар шаҳри Душанбе дар оилаи шоири муосири точик Ҷалол Икромӣ ба дунё омадааст. Соли 1959 факултети фанни химияи Университети давлатии Москваро хатм намудааст. Ҷонон Икромӣ, доктори илмҳои кимиё (соли 1977), прфессор (1979), Аъзои КПСС (1987) буд.
Солҳои 1959- 1968 лаборант, ходими илмӣ, аз соли 1968 мудири лабораторияи химияи материалҳои фторидии холиси Институти АФ Тоҷикистон буд. Дар мавзўи «Тадқиқотҳо дар соҳаи химияи ғайриорганикии фториди металҳои ду ё севалента» дисертатсияи докторӣ ҳимоя намуд.
Ҷонон Икромӣ муаллифи зиёда аз 120 корҳои илмии доир ба омўзиши хосиятҳои металлҳои ишқорзамин ва нодирзамин мебошад. Як қатор асарҳои Икромӣ ба фторидҳои комплексӣ бахшида шудаанд.
Ҷонон Икромӣ чандин гидрофториди металлҳои ишқорзаминро синтез карда, сохт ва хосияти онҳоро муайян намуд.Баъзе усулҳои коркарда баромадаи Ҷонон Икромӣ истеҳсоли фториди холиси металлҳои ишқорзамин ва литий аҳамияти саноатӣ доранд.
Ҷонон Икромӣ рӯзи 22-уми июли соли 2012 дар манзилаш воқеъ дар маҳалли Қаряи Болои шаҳри Душанбе баъди бемории қариб чорсола аз олам даргузашт.
Шоираи маъруфи тоҷик Гулрухсор-дӯсти хонаводагии оилаи Ҷалол Икромӣ дар бораи Ҷонон Икромӣ гуфта буд: “Ҷонон фарзанди фарзонаи хонадони Ҷалол Икромӣ ва номбардори ҳақиқии ӯ буд. Ӯ олими ҷӯянда ва пуркору пурбор буд ва ҳамеша дар фикри оянда ва ободиву сарфарозии миллати худ буд”.
Аз Ҷонон Икромӣ метавон хонд:
Икромӣ, Ҷ. Ёде аз падари бузургворам: Ҷонон Икромӣ писари Ҷалол Икромӣ // Садои мардум. – 2004. – 18 сентябр.
Икромӣ,Ҷ. Қиссаи сафед кардани «Ман гунаҳкорам» // Минбари халқ. – 2005. – 21 декабр.
Икромӣ,Ҷ. Химики маъруф набераи қозикалони Бухоро: Мусоҳибаи С. Сунатӣ бо прфессор доктори илми химия Ҷонон Икромӣ // Чархи гардун. – 2006. – 30 июн.
Икромӣ, Ҷ. Ҷалол Икромӣ ва Хабибулло Назаров: Ёдоштҳои Ҷалол Икромӣ ва Ҳ. Назаров // Минбари халқ. – 2007. – 14 ноябр.
Икромӣ, Ҷ. Бобоҷон Ғафуров «Маро чун мусулмон гўронид»: Хотираҳо аз ҳаёти Бобоҷон Ғафуров // Минбари халқ. – 2007. – 8 август.
Икромӣ. Ҷ. Бобоҷон Ғафуров васият кард, ки дар қутии чўбин ўро ба хок насупоранд: Васияти академик Бобоҷон Ғафуров // Чархи гардун. – 2008. – 14 феврал.
Икромӣ, Ҷ. Терори сурх ҳам модарамро ба зону нанишонд: Ёдоштҳои устод аз ҳаёти падараш Ҷалол Икромӣ ва модараш // Миллат. – 2009. – 5 март.
Икромӣ,Ҷ. Ман, падарам ва дигарон: Ба ифтихори 100 солагии нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ // Адабиёт ва санъат. – 2009. – 1 октябр.
Икромӣ, Ҷ. Аёз ҳадди худро бишнос: Ҷонон Икромӣ, посух ба гуфтаҳои шоир Бозор Собир // Тоҷикистон. – 2010. – 6 январ.
Икромӣ, Ҷ. Бозор Собир бояд аз мардуми тоҷик узр пурсад: Минбари баҳс // Тоҷикистон. – 2012. – 12 апрел.
Бо истифода аз маводҳои энсиклопедӣ
таҳияи Дилором Сайдамирова,
корманди шуъбаи библографияи миллӣ