Латофат Кенҷаева-адибе, пайваста дар талош аст

Аз ҷумлаи муваффақтарин адибонест, ки танҳо эҷод накард, балки даст ба кори ноширӣ зад ва муваффақ ҳам шуд. Даҳҳо номгӯ китобҳо маҳсули заҳматҳои ӯ дар замони Истиқлолиятанд, ки дар интишороти таъсискардааш чоп мешуданд. Вай ин китобҳоро ба бозори фурӯш мебаровард ва ҳатто ҳаргиз хаста ҳам намешуд агар ҳамаи теъдоди нашршуда харидор намеёфт. Баръакси дигарон бар ин назар буд, ки хонанда китоб мехонад, вале китобро ба ӯ расонида тавонистан лозим.
Латофат Кенҷаева – адибе, ки бештар дар бораи кӯдакон менависад, 8-ум и июни соли 1950 дар ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич) ба дунё омадааст. Соли 1967 ба шаҳри Душанбе омада, соли 1972 шўъбаи рўзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи сурх ба поён расонд. Баъдан дар радиои тоҷик дар барномаи «Фирўза»-аш, ки барои бонувон таҳия мешуд, ихлосманду шунавандагони зиёд дошт, вале чун барои кўдакону наврасон низ эҷод мекард,  ба сифати сармуҳаррир  бо  маҷаллаи «Машъал» ба кор гузашт.  
            Аз солҳои ҳаштодуми қарни гузашта Латофат ҳамзамон  бо фаъолияти рўзноманигорӣ ва муҳаррирӣ дар шеъру шоирӣ низ тадриҷан камол меёфт. Ў қадамҳои нахустини худро дар ин ҷодда бо эҷоди шеърҳо барои бачагон оғоз намуд ва дар тўли ин солҳо маҷмўаҳои ашъори вай бо номҳои «Лолаарўсак (1980), «Марҷони ранга» (1990), «Сандуқчаи марворид» (1997), «Афсонаи тиллонур», «Гурбаи Сомон ва чуҷаи Ораш» ва ғайра ба табъ расиданд ва муаллифи худро чун шоираи рангинхаёл дар миёни хонандагони хурдсол муаррифӣ намуданд.
            Бояд гуфт, ки Латофат на танҳо дар эҷоди ашъори бачагона ба камол расидааст, балки дар тарҷумаи ашъори барои кудакон таълифнамудаи шоиронаи халқҳои дигар низ маҳорат ва истеъдоди хосе дорад. Аз ҷумла, маҷмўаи ашъори шоираи рус Наталия Юркова «Моҳ ва фил»- ро бо сабку забони шевою рангини кўдакона ба тоҷикӣ баргардонидааст.
            Хонандаи тоҷик Латофат Кенҷаеваро чун эҷодкори ашъори бачагона мешинохт, вале маҷмўаи ў бо номи «Хилвати гесў», ки соли 2009 ба табъ расид, маълуми ҳамагон кард, ки вай ғазалнависе хубе ҳам будааст ва солҳо бо тахаллуси «Сабрин» ғазал месурадаву аммо онро чоп намекардааст. 
            Латофат ба фаъолияти муҳарририву ноширӣ ва тарғиби адабиёти бадеӣ низ машғул аст. Бо ташаббусу сарварии ў соли 1996 ташкилоти ғайридавлатии «Истоқбол» таъсис ёфт, ки табъу нашр ва тарғиби осори барои қўдакон таълифнамудаи адибони тоҷикро ҳадафи асосии худ қарор додааст. Ҳар куҷо кўдаке ҳунаре дошт, «Истиқбол» истиқболаш мекард ва офаридаи ўро муаррифӣ менамуд. Даҳҳо қаламкашон, рассомон, хушнависҳо, овозхонҳо, раққосон, гулдўзони наврасро «Истиқбол»-и Латофат сарпарастию раҳнамоӣ кардааст.
             Номгӯи китобҳои ӯ ба ин тартибанд:

"Лолаарӯсак" (соли 1980),
"Таронаҳо" (соли 1982),
"Марҷони ранга" (соли 1986)
"Шарораи хотираҳо" (соли 1990)
"Сандуқчаи марворид" (соли 1997)
"Рози шабнам" (соли 2000)
"Мусича ва Дурдона" (2003)
"Оҳи гусаста" (соли 2003)
"Нома ба бародар" (соли 2005)
"Гурбаи Сомон ва ҷӯҷаи Ораш" (соли 2005)
"Наҷотбахши дунё кист?" (соли 2005)
"Қофиябозӣ 1-2" (соли 2006)
"Шеърҳо" (соли 2009)
"Хилвати гесӯ" (соли 2009)
"Фариштае ба нури орзу" (соли 2009)
"Афсонаи Тилонур" (соли 2010)
"Гаҳвораҷунбон" (соли 2010)
"Саргузашти чуҷаи доно" (соли 2012)
"Қофиябозӣ - 10" (соли 2013)
"Мӯрчаяки баднафс" (соли 2013)
"Зиёфат" (соли 2013)
"Афсонаи 10" (соли 2013)
"Бозии рустшавакон" (соли 2013)
"Шукрон, куҷоӣ?" (соли 2014)
"Очабузи Шоҳона" (соли 2014)
"Садбарги ҳае" (соли 2014) ва дигар фароҳам омадаанд, ки ҳам барои кӯдакону навҷавонон ва ҳам барои насли калонсол офарида шудаанд. 

Аз Латофат Кенҷаева ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ метавонед ин шеъру мақолаву мусиҳибаву китобҳоро бихонед:

Лолаарўсак: Шеърҳо / Барои бачагони синни хурди мактабӣ Л.Кенҷаева. – Душанбе: Маориф. – 1980. – 32 с.

            Таронаҳо. – Душанбе: Ирфон. – 1986. – 48 с.

            Сандуқчаи марворид. – Душанбе, 1997. – 63 с.

Модар; Оби чашмасор; Субҳи Душанбе: Шеърҳо // Машъал. – 1969. – №8. – С. 19.

Юркова Н. Пар; Чи гап шудааст?: Шеърҳои бачагона / Аз русӣ тарҷумаи Л.Кенҷаева // Машъал. – 1987. – №4. – С. 17.

Юркова Н. Гамбўсак ; Моҳ ва фил: Шеърҳо / Аз русӣ тарҷ. Л.Кенҷаева // Пионери Тоҷикистон. – 1987. – 2 август.

 Пайванди зиндагӣ: Таронаҳо // Илм ва ҳаёт. – 1990. – №5. – С. 39-40.

            Резамарворид: Панду ҳикматҳо // Садои мардум. – 1991. – 13 июл.

Хишти мурод мерезанд: Ҳикоя // Машъал. – 1992. – №11-12. – 4 с.

Иштибоҳ; Зоопарк; Фарқият; Меҳрубонӣ; Ҳайронӣ; Ҷумми ё Ҷиннӣ?; Чанд бор?: Латифаҳо / Гирдоваранда Л.Кенҷаева // Машъал. – 1992. – №7. – 21 с.

Ёди модар: Шеър // Тоҷикистон. – 1993. – №3-4. – С. 6.

Шабнами ишқ: Таронаҳо // Ҷумҳурият. – 1993. – 6-7 март.       

«Соҳиббиҳишт»: Китоби нави нависанда Латофати Кенҷа ба фаъолият ва рўзгори бонуи номвар Низорамоҳ Зарифова бахшида шудааст // Ҷумҳурият. – 2016. – 1 сентябр.

Дар бораи Латофат Кенҷаева

 «Мехоҳам худро ҳамеша кўдак эҳсос кунам»: Муҳовара бо адибаи хушкалом ва дўстдоштаи ҷавонон ва наврасон Кенҷаева Л. Дар арафаи ҷашни зодрўзаш. Нигоштаи: Б.Қодирдухт // Чархи гардун. – 2000. – 2 июн.

Абдусаттор, А. Бонуи суханвар: Фаъолият ва эҷодиёти адиб Латофат Кенҷаева // Адабиёт ва санъат. – 2010. – 3 июн.

Қодирдухт, Б. Бонуи миллионер: Аз эҷодиёти шоира Латофат Кенҷаева // Ҷумҳурият. – 2013. – 7 март.

Таҳияи Манижа Раҷабова,
Корманди шуъбаи
библиографияи милл
ӣ