Ту чароғи фурўзон будӣ!
Агар устоди китобдорон Абдуллоҷон Юнусов зинда мебуд, имрӯз қадам да 80 мегузошт
Дар зиндагӣ кас бо инсонҳое вомехӯрад, ки ҳатто баъди солҳои реҳлаташон аз олам боз ҳам мисли зиндагонанд. Онҳо бо рафтору кирдор, инсоният, лаҳни хуши гуфтор, насиҳату панд намунаи ибратанд ва ҳатто баъди он ки ҳузури физикии худро дар олам қатъ мекунанд, аммо ному корашон ҷовидон мемонад. Ва на танҳо мемонад, балки ҳидоятҳояшон боз муддатҳо чун чироғи рушан роҳи бозмондагонро рушан мекунанд.
Муддати ду сол аст, ки мо шигирдон суроғи устодамон Абдуллоҷон Юнусовро миёни китобҳои таълифкардаашон меҷӯем. Бо гузашти ин ду сол ҳам ҳарфҳояшон дар гӯшамон садо медиҳанд. Танҳо ин ки ба утоқи кориашон ворид мешавем, вале он касро нишаста сари мизи корӣ намебинем. Ин як бори дигар моро такон медиҳад ва ҳақиқати зиндагиро пеши чашмон мунаввар месозад: ДАР ИН ДУНЁ ЧИЗЕ АБАДӢ НЕСТ. ИН ОЛАМ ОМАДАН ДОРАДУ РАФТАН.
Абдуллоҷон Юнусов соли 1937 дар ноҳияи Конибодом таваллуд ёфта, давраи бачагӣ ва солҳои мактабиаш дар ҳамон ҷо гузаштааст. Баъди хатми мактаби миёна ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, соли 1959 бо муваффақият онро бо тахассуси омўзгор ва тарҷумон хатм менамояд.
Меҳри китоб ўро ба Китобхонаи давлатии Ҷумҳуриявии ба ном Абулқосим Фирдавсӣ мебарад. Ў кўшиш менамуд, ки ҳар чи бештар қувваи бузурги китобро бевосита эҳсос намояд, ба чашмонаш бубинад.
Аз рўзҳои аввали китобдорӣ ҳис менамуд, ки ифодакунандаи фикру акидаҳои пешқадам ва муфид мебошад ва вазифаи аввалиндараҷа аз он иборат аст, ки ин ганҷи илму маърифат дастраси ҳамаи аъзоёни ҷомеа гардад.
Ҳар қадар устод А. Юнусов мавқеи иҷтимоии китобу китобхонаро бештар дарк менамуд, ҳамон қадар ҳис мекард, ки ба ў бисёр ҷиҳатҳои раванди китобшиносию тарғиби китоб дар байни омма дастрас нест.
Дар ин маркази ганҷинаи бебаҳои миллат ба ў муяссар гашта буд, ки бо бисёр олимону мутахассисони соҳа худ шинос шавад ва аҳамияти китобу китобхонаро ҳамчун сарчашмаҳои муҳими тараққиёти илмию техникӣ бори дигар эҳсос намояд.
Сўҳбат бо олимону мутахассисон, баромадҳо дар маҳфилҳои илмӣ, вохўриҳо бо намояндагони собиқ ҷумҳуриҳои бародарӣ, мутолиаи китобҳои нав ба нав, роҳи ояндаи эҷодии Абдуллоҷон Юнусовро муайян месохт.
Ў соли 1973 дар мавзўъи «Масъалаҳои забоншиносии тоҷик: Таҳқиқ ва омўзиши забони тоҷикӣ (солҳои 1961-1971)» рисолаи номзадӣ ҳимоя кард. Дар баробари кори китобдорӣ боз дар пажўҳишу таҳқиқи масоили мубрами соҳаи китобдорӣ, китобшиносӣ, китобхонашиносӣ, забоншиносӣ, адабиётшиносӣ саҳми муносиб гузошта, ҳамчун муҳаққиқ шўҳрат пайдо карда буд.
Устод Юнусов ба ҷамъоварии дастхатҳои қадимӣ шуғл варзида, бо ҳамкоронаш беш аз 2400 нусха китобҳои қаламии камёфт ва қариб 16000 –нусха осори гаронбаҳои чопи сангию муосирро гирд оварда буд.
Китобномаҳои ӯ «Таърихи забоншиносии точик» (иборат аз 5 ҷилд), «Аҳмади Дониш» (ду ҷилд), «Китобшиносии Фирдавсӣ ва «Шоҳнома» (ду ҷилд), «Рўдакӣ», «Абдураҳмони Ҷомӣ», «Такомул ва инкишофи забоншиносии точик», «Додоҷон Тоҷиев», «Вера Расторгуева», «Алберт Хромов» ва ғайра дар таҷрибаи илми библиографияи тоҷик мақоми хоса доранд. Устод А. Юнусов бо вучуди муҳаққиқ будан аз тартиб додани дастурҳои библиографӣ дил канда наметавонист. Инчунин, бо кўшиш, ғайрат ва маҳорати эҷодии ў як қатор манбаҳои муҳими библиографӣ тартиб дода, пешкаши китобдорон ва тадқиқотчиён гарпдонида шудаанд. Чуночӣ, дастурҳои методию библиографӣ, аз қабили «Материалҳои роҳбарикунанда оид ба кори китобхонаҳои марказонидашуда», «Библиографияи тавсиявӣ дар китобхонаҳои оммавӣ», «Китобхонаи бачагонаи Регар», «Ҷамъияти дўстдорони китоб ва китобхонаҳои шахсии Тоҷикистон дар матбуот» ва ғайраро таҳрир намудааст.
Теъдоди умумии китобу рисола ва дастуру тавсияномаҳояш беш аз 60 номгўй мебошад. Дар матбуоти даврии тоҷик ва хориҷ аз кишвар зиёда аз 510 мақолаҳои илмию оммавӣ ва иттилоотии ў нашр шудааст.
Ба фаъолияти илмиаш шарқшиноси маъруфи хориҷӣ Манфред Лоренс баҳои баланд дода, чунин гуфтааст:
«Ҷаноби Абдуллоҷон Юнусов яке аз олимони барҷаста дар соҳаи китобшиносӣ ва библиографияи тоҷик шинохта шудааст. Ҳиссааш дар густариши равобити китобдории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамолики хориҷӣ калон аст. Доираи пажўҳишҳои илмии олим гуногунҷабҳа буда, ба масоили имрўзаи китобхонашиносӣ ва библиографияшиносии тоҷик бахшида шудаанд».
Устод Абдуллоҷон Юнусов дар бисёр конфронсҳои илмӣ – амалии ватанию хориҷӣ ширкат варзида, дар таҳия, тарҷума ва таҳрири бисёр барномаҳо, дастурҳои методӣ, библиграфӣ ва маҷмўаҳои илмӣ саҳм гузошта буд.
Устод пайваста кўшиш менамуд, ки шогирдонаш санъати китобшиносӣ ва тарғиби китоб, усулҳои офаридани асарҳои библиографиро омўзанд, дар дили онҳо меҳру муҳаббати бепоёнро нисбат ба китоб – хазинаи бузурги маънавӣ пайдо намоянд.
Хизмату фаъолияти самарабахши ўро дар ин ҷабҳаҳо ба назар гирифта, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурӣ ва Ҳукумати кишвар устод Абдуллоҷон Юнусовро бо якчанд Ифтихорномаҳо, нишони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», медалҳои «Барои меҳнати шоён», «Собиқадори меҳнат» ва дигар мукофотҳои пулию молӣ сарфароз гардонда буданд.
Устод Юнусов узви Иттиҳодияи Асосиатсияи рўзноманигорони ҷумҳурӣ буданд.
Хотираи устоди некном маҳрум Абдуллоҷон Юнусов дар дили шогирдону ҳамкоронаш як умр боқӣ хоҳад монд.
Ҳокимҷон Маҳмадҷонов, китобшинос,
муовини сардори шууъбаи
илмӣ-таҳқиқотӣ, шогирди устод.