Мизи мудаввар таҳти унвони «Конститутсия – санади муқаддасу тақдирсози миллат»
Нашр шуд 2019-11-05 15:23
Субҳи имрӯз бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва Маркази иттилоооти ҳуқуқии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудавар таҳти унвони “Конститутсия – санади муқаддасу тақдирсози миллат” доир гардид.
Мизи мудавварро Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо ифтитоҳ намуда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба нақши Конститутсия дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистон ҷалб намуд.
Ҳамчунин, Абдусалом Мирализода зикр намуд, “Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти миллӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур омад, ки санади тозае таҳия ва қабул кунад, ки дар ҳама давру замон бо рушд ёфтани давлату давлатдорӣ, зарурияти муайян ва ташкили сохтор, идораи давлатдорӣ ва пойдории давлатдорӣ ва пойдории давлатдорӣ, ки фарогири ҳама ҳадафҳои давлат бошад, қабул намояд, ки он ҳам Конститутсия муаррифӣ гардид ва санади асосӣ шинохта шуд”.
Дар идомаи суханронӣ Директори Китобхонаи миллӣ илова намуд, “Қабули Конститутсия ва дар заминаи он қонуну дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёди марбут ба соҳаҳои хоҷагидории мамлакат дар зарфи ин 25 сол худогоҳиву худшиносӣ, ҳуввияти милли мардуми кишварро таҳким бахшида, баҳри ҳифзу ташаккули арзишҳои фарҳангии кишвар ва суннатҳои деринаи миллӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварданд. Баргузории Симпозиуми байналмилалии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирўз то имрўз» дар Китобхонаи миллӣ санаи 22 октябри соли 2019 бо иштирок ва суханронии фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсули татбиқи маромҳои созандаи Қонуни олии кишвар буда, намунаи барҷастаи саҳми Тоҷикистон дар ҳифз ва густариши фарҳанги оламшумули ориёист. Меҳмонон, донишмандони фарҳангшинос, ки аз ақсои олам барои иштирок дар Симпозиум ба Душанбешаҳри гулрез, ба қалби Тоҷикистон омада буданд, аз зебоиву шукуфоии пойтахти кишвар мафтун гашта, иқдоми фарҳангии Тоҷикистонро ҷиҳати роҳандозии корҳои тадқиқотӣ оид ба фарҳанги бостон корнамоии беназири таърихӣ ва Пешвои муаззами миллатро фарзанди шоистаи давру замон, аз дудаи Куруши Кабир, фарҳангсолору бунёдкор, аз «чеҳраҳои мондагор»-и таърихи ориётаборон донистанд”.
Баъдан, Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин суханронӣ кард.
Дар охир мубодилаи афкор дар сурат гирифт.
Фарзонаи МИРЗО