“Давлат кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд”
Дирӯз қабл аз зӯҳр дар ошёнаи сеюм бо ташаббуси Маркази иттилооти ҳуқуқ ва шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба «Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон» таҳти унвони “Давлат кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд” доир гардид.
Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабова нишастро оғоз намуда, зикр намуд, ки “Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд - унсури муҳими давлати ҳуқуқбунёд, институти аввалиндараҷаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, нишонаи болоравии ҷомеаи инсонӣ, маданияти ҳуқуқӣ ва умуман тамаддун ба ҳисоб меравад. Имрӯз Тоҷикистони азизи мо дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва давлати иҷтимоӣ пойдевори устувор ва заминаи боэътимодро тарҳрезӣ намуд.
Муовини Директори Китобхонаи милӣ ҳамчунин гуфт: “Инсон ҳамчун бузургтарин арзиш ва дорои манфиатҳои муайян шинохта шудааст. Инсон дар Тоҷикистон арзиши олӣ эълон шуда, шинохти тамоми арзишҳои дигарро дар доираи манфиат ва манзалати он имконпазир мегардонад. Ҳеҷ як манфиат, неъмат ва дороӣ аз инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ боло буда наметавонад. Ҳама чиз дар давлат ва ҷомеа барои қонеъ гардонидани талаботи инсон равона шудааст. Ин нукта дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он хотир таъкид шудааст, ки таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ онро собит сохтааст. Ҳатто динҳои ҷаҳонӣ ба хотири инсон нозил шуда, таълимоти олии оламгиру фалсафаҳои таърихсоз ҳама барои ҳимояи манфиати инсон нигаронида шудаанд”.
Баъдан, маърӯзаҳои мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавиии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллиии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ Ҷаҳонгир Саъдизода ва сармутахассиси Маркази иттилооти ҳуқуқӣ Орзузода Фаромуз дар мавриди ҳуқуқҳои инсон шунида шуд.
Ҷаҳонгир Саъдизода дар суханронии хеш аз ҷумла иброз дошт: “Баъди ба даст даровардани истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба монанди дигар давлатҳои мутарақии ҷаҳон санаи 10-уми декабрро мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамасола ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи инсон ҷашн мегирад. Маҳз сулҳу суботи кишварамон ба мо даст медиҳад, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро ҳамчун арзиши олӣ эътироф намуда дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллии кишварамон дарҷ намоем. Санади асосии ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин Конститутсия ба ҳисоб меравад. Конститутсия ҳамчун қонуни асосии кишвар дар меъёрҳои он тарзи эътироф, риоя, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд батанзим даровара шудаанд, ки ин ҳама самара аз Истиқлолияти давлатӣ мебошад”.
Орзузода Фаромуз дар мавриди ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд ёдовар шуд, ки Тоҷикистони азизи мо баъди ба даст даровардани Истиқлоли давлатӣ Конститутсия даврони соҳибихтиёрии худро қабул намуд, ки яке аз Конститутсияҳои беҳтарини дунё ба ҳисоб меравад. Агар хоҳем, ки ҳамчун инсон арзишҳои олии мо аз ҷумла ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои инсонии мо риоя эътироф ва ҳифз гарданд, бояд шукрона аз сулҳу оромӣ ва амнияти кишвар намоем. Дар таъмин ва мустаҳкамгардонии ин неъмати бебаҳо саъю кӯшиш намоем то ки Истиқлолияти давлатии мо тӯли садсолаҳои минбаъда ба миллати тамаддунофари тоҷик хизмат намояд”.
Дар охир миёни ширкаткунандагон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки Ассамблеяи Генералии СММ 10 декабри соли 1948 Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро қабул кард. Заминаи ҳуқуқии Рӯзи ҳуқуқи инсон аз Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон маншаъ мегирад, ки аз соли 1950 то ба имрӯз ҳамасола кишварҳои аъзои СММ 10 декабрро Рӯзи умумичаҳонии ҳуқуқи инсон ҷашн мегиранд.
Фарзонаи МИРЗО