Маҳфили “Ҳамешабаҳор” бо ширкати Шоири халқии Тоҷикистон Озарахш
Нашр шуд 2019-09-06 10:46
Дар доираи барномаҳо бахшида ба Ҳафтаи китоб як шом дар сатҳи Китобхонаи миллӣ базме ороста шуд саропо аз шеъру тарона. Маҳфилорои ин шоми пур аз тароват маҳфили “Ҳамешабаҳор”-и шоири тавоно Хайрандеш буд. Хайрандеш ин бор мавзуъи ҷолиб барои маҳфил интихоб намуд: “Баҳори Фарзона ва Озарахш”.
Ва маълум, ки сухан аз шеъри Озарахшу Фарзона – ду шоири тавоно ва маъруфи кишвар хоҳад рафт. Ин маҳфил дар ҳафт бахши шоиронаи худ атрофи шеъри ин ду шоири хуби кишвар баҳс хоҳад кард. Ва чунин ҳам шуд.
Маҳфил бо ҳузури гарми Шоири халқии Тоҷикистон Озарахш гузашт. Зимнан, ҳамин чанд рӯз пештар аз маҳфил Пешвои миллат ба шоир Озарахш унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон доданд ва дар акнун дар як хонавода ду шоир ва ҳарду соҳиби унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистонанд: ОЗАРАХШ ва ФАРЗОНА!
Маҳфил чун ҳамеша аз ҳафт равза: “Афрўза”, (китобхонӣ), “Афроза” (шоҳбайтхонӣ), “Афшина” (зарбулмасал), “Афшона” (шакарханд), “Андеша” (тасвиру ташбеҳ), “Ангеза” (байтбарак), “Ангора” (сайқали зеҳн) иборат буд, барои ғолибон тӯҳфаҳои хотиравӣ ва шоҳҷоиза маблағи пулии 1000 сомонӣ супорида шуд.
Шоҳҷоизаи маҳфили навбатӣ насиби Сабринаи Нигин – хонандаи синфи 8-и мактаби №33 аз шаҳри Душанбе шуд, 6 нафар иштирокчии фаъоли маҳфил низ бо маблағи пулӣ сарфароз гардиданд.
Дар маҳфил сарояндагони саршиноси тоҷик, Мастона Эргашова, Ҷамшед Исмоилов, Моҳрухсор Сафиева, Эркин Одинаев, Фараҳманд Каримов бо сурудҳои тозаэҷоди хеш хотири иштирокчиёнро шод гардониданд.
Фарзонаи МИРЗО
Аксҳои аз Хусрави Милод