Маҳфили “Ганҷи сухан” дар Китобхонаи миллӣ

 Баъд аз зуҳри дирӯз, 31-уми октябр бо ташаббуси шуъбаи маъюбони Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили “Ганҷи сухан” бо ширкаткунандагони озмуни байналмилалии “Talent” баргузор шуд.

 Муовини Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов дар сухани муқаддамотии худ ғолибонро барои иштирок ва барои ба даст овардани ҷойҳои намоён самимона шодбош гуфт ва ба онҳо бурдбориҳо ва хушиҳои оламро там анно намуд.

 Дар ин озмун Чоршанбе Аловатов, Шаҳзода Султонбоева, Акбарҷон Каримов ширкат доштанд.

 Чоршанбе Аловатов дар озмуни “Овози тиллоӣ” соли 2011 ҷои аввалро ишғол намудааст. Соли 2014 дар озмуни “Шукуфаҳои пойтахт” ва соли 2017 дар фестивали “Парвин” ғолиб дониста шуд. Дар озмуни “Ҷоизаи мусиқии Боб 2019” дар номинатсияи “Овози беҳтарин” ҳунарнамоӣ кардааст.

 Шаҳзода Султонбоеваи 26-сола бо аробачаи маъюбӣ дар шаҳри Челябински Русия дар озмуни рақси ҷаззоби тоҷикона бо куртаи миллии тоҷикии “Чакан” иштирок намуд.

 Акбарҷон Каримови 21 сола, ки нобино аст, 15 намуди асбоби мусиқиро навохта метавонад. Нахустин бор соли 2012 дар Ҷумҳурии Туркия дар фестивали ҳунару истеъдоди нобиноён миёни 6 давлат иштирок намудааст.     

 Соли 2015 дар озмуни “КЕЙ ПОП”, Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон баргузор карда буд, иштирок намуда, соҳиби ҷойи аввал гардидааст. Соли 2019 дар озмуни “Сентрал азиан гот ТАЛАНТ” ба даври нимфиналӣ роҳ ёфт. Даври нимфиналӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон гузашта, барои ба финал роҳ ёфтан ҳакамонон овоз доданд. 28 сентябри соли 2019 дар озмуни “Боб музик э ворд Таджикистан” иштирок намуда, соҳиби ҷойи аввал гардид.

  Дар охири чорабинӣ, аз ҷониби Директори Китобхонаи миллӣ профессор Абдусалом Мирализода иштирокчиён ва ғолибони озмунро бо туҳфаҳои хотиравии Ктобхона сарфароз гардонд.  

  Фарзонаи МИРЗО