Китоби нав. Шарифбек АЗИЗӢ. АСАРҲОИ МУНТАХАБ. Қисми 3

Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Шарифбек АЗИЗӢ майори милисаи мустаъфӣ буда, солҳои зиёдест, ки асарҳои бадеӣ менависад. Соли 2007 ба узвияти Иттифоқи нависандагони  Тоҷикистон пазируфта шудааст. Муаллифи китобҳои «Дурахши алмос» (нашриёти «Деваштич», 2004), «Порикоб» ( нашриёти «Деваштич», соли 2006), «Парвоз» ( нашриёти «Сифат», 2007» мебошад. Дар ин китоб қиссаҳои «Ҷосус», «Дурахши алмос», « Оҳ Тамара!», «Порикоб», «Пораи қанд», « Парвоз « ба нашр расидаанд.Повестҳои «Ҳодисае дар бўстонсаро», «Асарои мунтахаб» нашр гардиданд.

Дар ҳаммуаллифӣ бо бародараш Ҳокими Азиз силсилаи романҳо ба хонандагон пешниҳод намуданд.Аз ҷумла  романҳои «Сангчарх» (нашриёти «Адиб», соли 2013), «Бо навои борон» (нашриёти «Мероҷ Граф», соли 2016) мебошанд.Дар китоби « Бо навои борон» романи «Теғи сухан» низ дохил аст. Романҳои «Нигоҳе бо баҳои ҷон», «Рузғор оинаро…», « То дар нарасад…», «Гули марг», «Шикасти рўҳ», « Хокистари сўзон», « То реша дар об аст…», «Ҷадвали тақдир» ва «Нуқта дар хатти  буриш» низ маҳсули эҷоди адиб буда омодаи нашр ҳастанд.

Китоби «Асарҳои мунтахаб» аз аввал то ба охир мавҷи андешаҳо ва тахаюлоти муаллиф аст. Албата, дар китоб баъзе ҳолатҳои ҳақиқии рўзғори мо аз таҷрибаи кории муаллиф-ҳуқуқшинос, собиқ корманди милиса ва ҳампешагони ў аз мақомоти тафтишотии кишвар ба риштаи тасвир кашида шудааст.Ҷойи ҳодиса, макони амал ва персонажҳои асар низ бофтаи тахаюлоти муаллиф мебошад. Муаллиф дар муаррифии китобаш менависад, ки мувофиқ омадани ҷойи ҳодиса, макони амал ва ному насаби нафаре, ки дар он ҷо кор ва ё зиндагӣ мекунад тасодуфист.

Китобро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Таҳияи Исроил Иброҳимов