Ҳамоиши илмӣ дар Китобхонаи миллӣ: «Китобу Истиқлол – ду боли як иқбол»
«Миллати мо аз азал китобдору китобдӯст буд. Бо нобиғаҳо чеҳраҳои бузурги адабиёту фарҳангаш машҳур гардида, бо мероси гаронбаҳои онҳо оламро тасхир кардааст. Масалан, дар замони давлати Сомониён китобхонаи бузурге бо номи «Сивон-ул ҳикмат» фаъолият мекард, ки китобҳои зиёди нодир дошт ва шахсиятҳои зиёде аз он баҳравар гардидаанд. Яке аз нишонаҳои китобдӯстӣ ва фарҳангу китобдории миллати мо ин аст, ки ҳамасола дар оғози соли нави таҳсил «Рӯзи китоб»-ро бо шукӯҳи хосса дар саросари кишвар таҷлил мекунад. Санаи фарҳангии «Рӯзи китоб» 4 сентябри соли 2007 бо гузоштани хишти аввали бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти муҳтарами мамлакат эълон гардида буд ва инак 14 сол мешавад, ки таҷлили бошукӯҳи он дар кишвар ҳусну таровати маънавӣ мебахшад».
Ин нуктаро муовини якуми директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабзода зимни ҳамоиши илмӣ-оммавӣ, ки таҳти унвони «Китобу Истиқлол – ду боли як иқбол» дар Китобхонаи миллӣ баргузор шуд, таъкид намуд. Ба андешаи муовини якуми директори Китобхонаи миллӣ зарфи 29-сол, дар фазои форами соҳибистиқлолӣ бо талошҳои пайваста ва ташаббусҳои Сарвари хирадманди кишвар дастоварду пешравиҳои хуби фарҳангӣ, аз ҷумла барои рушди китобдорӣ ва китобхониву маънавиёти мардум, ба хусус наврасону ҷавонон фароҳам омад. Китобхонаи миллӣ беҳтарин дастоварди замони истиқлол аст, ки имрӯз ҳамчун боргоҳи азими ҳифзу нигаҳдорӣ ва таҳқиқу омӯзиши мероси фарҳангии халқҳои Тоҷикистон дар миқёси Осиёи Миёна ва ҳатто берун аз он ҳам мақому маҳбубияти хосса дорад.
Дар чорабинӣ намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Хайём Амонзода суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки ҳар он чизе, ки муҳаққиқону олимону донишмандони тоҷик то имрӯз рӯйи қоғаз овардаанд, маҳз дар шакли китоб барои мо дастрас мебошад ва омӯзиши он барои давлатдории минбаъдаи мо махсусан барои ҷавонон мактабу бузурги созандагӣ маҳсуб меёбад.
Ба такиди Х.Амонзода ҷавонони моро мебояд бо таваҷҷӯҳ ба он, ки имрӯз аз ҷониби ҳукумати мамлакат махсусан аз ҷониби Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Китобхонаҳои наву замонавӣ сохта шудаанд, самаранок истифода намоянд. Аз ҷумла бунёди бузургтарин Китобхонаи миллӣ, ки дар қалби кишвар қомат афрохтааст ва дорои асноди бебаҳо мебошад бояд насли наврас аз ин ганҷинаи гаронбаҳои миллат истифода карда, дар рушди давлатдорӣ ва бунёди ҷомеаи демокартию ҳуқуқбунёд саҳмгузор бошанд.
“Мо бо бунёди бинои муҳташами Китобхонаи миллии Тоҷикистон тавонистем, ки дастовардҳои даврони Истиқлол ва қабл аз истиқлолияту миллати тоҷикро дар шакли мукаммал ҷамъоварӣ ва баҳри хонандагон пешниҳод намоем, то ҷавонони мо тавонанд аз таърихи гузаштагони худ баҳравар шаванд”, - гуфт Х.Амонзода намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ.
Дар ҳамоиш Сайфулло Сафаров раиси Асосиатсияи миллии сиёсатшиносонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки Истиқлолият бо китоб ҳамтавъам аст, чун пеш аз ҳама ақли моро барои ба дастовардани Истиқлолият маҳз китоб таёр намуда буд. Истиқлолияти давлатӣ буд, ки тавонистем халқи аз азал бо фарҳангу китобдӯстамонро муттаҳид созем, Ваҳадати миллиро устувор намоем ва Тоҷикистонро ба сӯи рушди беназир тавсеа диҳем. Ба андешаи С. Сафаров яке аз дастовардҳои муҳиму бузурги соҳибистиқлолӣ дар соҳаи китобдорӣ, ин бунёди бинои нави Китобхонаи миллӣ мебошад, ки дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ назир надорад. Иншооти муҳташаму муҷаҳҳаз бо шароитҳои замони муосир имкон дод, ки мардум дар шароити хубу олӣ ба китобхонӣ машғул гарданд ва ҳам мутахассисони ҳирфавии соҳаи китобдорӣ омода карда шаванд.
Китобҳо, албатта китобҳои хубу арзишманд махзани бузурги мероси гаронбаҳои гузашта ва сарвати адонашавандаи миллат буда, наврасону ҷавононро ба таърих, фарҳангу ҳунар, суннату анъана ва давлатдории аҷдодонамон ошно месозанд.
Дар ҳамоише, ки ба муносибати Рӯзи китоб доир шуд, Директори хонаи китоби Тоҷикистон Саидзароб Надиров сухаронӣ намуда, зикр кард, ки бар асоси ҳисобҳои оморӣ нашри китоб дар ҷумҳурӣ агар дар солҳои 1988 – 1989 1800 номгӯйро дар бар гирифта бошад, пас ин рақам дар соли 2018-2019 ба зиёда аз 3000 номгӯй расидааст, ки аз рушди интишори китобҳо дар даврони Истиқлол дарак медиҳад. Зикр шуд, ки баҳри муаррифии осори ниёгон дар замони соҳибистиқлолӣ иқдоми наҷибе, ки аз ҷониби нашриёти «Адиб» рӯйи даст гирифта шуд, ин чопи силсилаи «Ахтарони адаб» мебошад, ки ба соҳибмаърифатӣ ва огоҳ намуднаи мардум бо фарҳанги пурғановати миллати тоҷик саҳмгузор аст. Дар ин замина ёдоварӣ шуд, ки нашри силсиали «Тоҷнома», ки аз ҷониби Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шудааст, ки дар тарбияи худшиносию худогоҳии сокинон саҳми арзанда мегузорад.
Дар интиҳо кормандони фаъол аз ҷониби Китобхонаи миллӣ ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо сипоснома ва ифтихорномаҳо қадр шуданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 4 сенттябр дар кишвар Рӯзи китоб таҷлил карда мешавад. Ин сана аз замони гузоштани хишти аввали бинои нави Китобхонаи миллӣ, ки ҳанӯз соли 2007 бо иштироки Президенти мамлакат сурат гиирфт, ҷашн гирифта мешавад.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР