То бихобад миллате осуда дар болини ноз...
Нашр шуд 2018-02-22 13:59
Фардо Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар аст. Рӯзест, ки Тоҷикистон аз таъсиси Артиши худ чун кишвари соҳибистиқлол ба оламиён хабар дод. Ин артиш тӯли 25 сол такмил ёфт, муҷаҳҳаз шуд, дар ҷангҳо ва мубориза бо террористон экстремистон таҷриба андӯхт. Ва дар ин роҳ даҳҳо нафар аз беҳтарин сарбозону афсаронаш қурбон шуданд. Қурбон шуданд, то имрӯзиён зери осмони софу беғубор зиндагии фараҳманду осоишта дошта бошанд.
То бихобад миллате осуда дар болини ноз,
Аскаре бояд, ки санги хораро бистар кунад.
Сарбозони Ватанро муборакбод мекунем ва сатрҳои зерро дар ситоиши Ватан ва сарбозу артиш меорем.
«Рамзҳои давлатӣ ҳасти ва ифтихори миллии мо буда, гувоҳи барҷастаи истиқлолияти давлатӣ, таҷассумгари ифтихори миллӣ ва ору номуси ватандорӣ мебошад»
Эмомалӣ Рахмон
Ватан, зодгоҳ, калимаи зебо ва хуҷастае аст, ки бо шуниданаш хонаву дар, гаҳвора ва модар пеши назар меояд”.
В.А. Сухомлинский
Ҳама cap ба cap тан ба куштан диҳем.
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Ҳаким Фирдавсӣ
Ватан сар мешавад аз гоҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар.
Ватан сар мешавад аз он тавора,
Ки онро сохта дастони модар.
Ватан – беҳбудию беҳрӯзии мост,
Ватан – хушномию фирӯзии мост.
Ватан сар мешавад з-огарди деҳқон,
Зи «майдо»-ҳои хирманбодгарҳо.
Ватан сар мешавад аз бурдаи нон,
Ки мо хӯрдем аз хони падарҳо.
Ватан – дилҷамъию озодии мост,
Ватан – хушбахтию ободии мост.
Ватан сар мешавад з-он остоне,
Ки бар дунёи равшан по ниҳодем.
Ватан сар мешавад з-он пардабоме,
Ки парвозӣ шудему пар кушодем.
Ватан – имрӯзи мо, ояндаи мост,
Паноҳи мурдаи мо, зиндаи мост.
Лоиқ Шералӣ
Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт,
Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт.
Ба мисли гўшту нохун ман ҳамеша бо Ватан будам,
Агарчи нисфи умри беҳтаринам дар сафар бигзашт.
Мирзо Турсунзода
Дубора созамат Ватан,
Ба хишти ҷони хештан
Сутун занам ба сақфи ту,
Ба устухони хештан.
Бозор Собир
Аз хона бурун оям хоки Ватан аст,
Ҳар ҷо, ки равам мазраи поки Ватан аст.
Аз кўдакӣ то пирӣ расад риштаи умр,
Ин ҷомаи умр бахяву чоки Ватан аст.
*****
Ҳасан Боқӣ
Рўзу шаб дар хизмати Модар-Ватан,
Чусту чолоку ҷасуру боҳунар.
Ҳар саҳаргаҳ саф кашида бо низом,
Боз ҳам омодаи фатҳу зафар.
*****
Аҳди мо паймону савганди Ватан,
Ҳаст дар виҷдони мо шаҳди сухан.
Ҷонфидои нангу номуси диёр,
Дар сафи мо нест як паймоншикан!
Афсари амният фахри Ватан,
Ифтихори миллати озоди ман!
Машҳура Гирдоваранда
Миҷгона Муродова,
Сармутахассиси Маркази
такмили ихтисос