Нахустин бор дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тариқи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда, дар он ғояҳои пешқадами миллӣ, ҷамъиятию сиёсӣ, аз қабилӣ давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократӣ дунявӣ ва иҷтимоӣ будани Тоҷикистон таҷассум гардидааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 100 модда ва 10 боб иборат буда, он шакли идоракунии ҷумҳуриро таҳқим бахшида, аз роҳи эътирофи Президенти ҷумҳурӣ ба сифати Сарвари давлат ва Раиси Ҳукумат таъсиси ҷумҳурии навъи президентиро муаяйн кардааст.
Бинобар зарурияти таърихӣ, пешрафти давлату ҷомеа, ташаккули ҷомеа, низоми ҳуқуқӣ ва таҳқими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар шароити пешрафти давлату давлатдории навин дар асоси илоҳоти конститутсионӣ солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба Конститутсия тавассути раъпурсии умумихалқӣ бо иштироки фаъолияти мардуми кишвар ва бо дарки масъулияти баланд тағийру иловаҳо ворид карда шуда,меъёрҳои Қонуни асосии давлат такмил дода шуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ аз ҷумлаи шахсиятҳои таърихие мебошанд, ки дар вазъияти ниҳоят мураккаби сиёсии кишвар масъулияти бузурги ояндаи халқу давлатро бар дўш гирифта, сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро дар кишвар ба миён оварда, барои таҳқими заминаҳои Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, таъмини суботи сиёсиву ҳамгироии мардум ва пойдории ҳокимияти Конститутсионӣ хизматҳои беназир анҷом додаанд.
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҳуҷҷати бунёди ғояҳои пешқадами ҷамъиятиву сиёсӣ, усулҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунёвӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, афзалият ва кафолати таъмини пурраи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешии сиёсиву идеологӣ ва дигар падидаҳои нодири демократиро дар худ инъикос намуда, барои эъмори ҷомеаи адолатпарвар, хусусан, ташаккули ҳокимияти судӣ замина гузошт.
Аз китоби “Тоҷикистон – 25”. Душанбе: Ирфон, 2018. – 372 с.
Таҳияи Меҳрангез Муҳаббатова,
Шуъбаи Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.