Зиҳӣ Истиқлол, Зиҳӣ Озодӣ...!

Гурўҳе  аз кабўтарон  пас  аз  парвоз  дар  осмони  нилгун  хасташуда ,рўи шохаҳои  дарахте   барои  рафъи хастагӣ нишастанд. Яке аз  онон ба поини дарахт парида, он ҷо донаҳои тозаи  бисёреро дид. Ба чидани донаҳо шўруъ кард. Донаҳо  хушмаза ва лазиз  буданд. Он кабўтар  дўстони дигари худро давъат кард, ки «биёед поин».
Кабўтарон  поин  омада ,то  сер шудан  аз  донаҳо   хўрданд. Вақте  ки сер шуданд ва хостанд  парвоз кунанд , натавонистанд. Кабўтарон дар  дом  гирифтор  шуда буданд . Ҳар  як  аз онон  ба танҳоӣ  мехост аз  дом раҳо шавад. Вале муваққақ  намешуд.
Дар миёни кабутарон  як  кабўтари огоҳ ва  боҳуше  буд ,ки ба  ҳамҷинсони дар дом гирифтор рӯ овард ва гуфт : «Мо  ба танҳоӣ  наметавонем  аз дом раҳем. Шумо  бояд бо фармони ман  ҳама  якбора  парвоз  кунед ».
Кабўтарон  чунин  карданд  ва домро аз  замин канда ба осмон бурданд . Сайёд, ки дар камин нишаста  ва  аз  дар дом гирифтор шудани  кабўтарон  шод ва хушҳол шуда буд, бо дидани ин  манзара хеле  ғамгин шуд.
Ҳар тавре ки шуда  бошад, кабўтарон  бо кӯшиш  ва талош  ва раҳбари оқили  худ аз дом раҳо шуда дар  осмони обию нилгун парвоз  карда, мегуфтанд :
- Воқеан чӣ  давлати бузург аст  озодӣ  истиқлол ,ҳар куҷо ,ки бихоҳем ,метавонем  парвоз  кунем  ва ҳар куҷо ,ки  бихоҳем метавонем роҳат  дошта бошем.
Бале, миллати  мо низ чун он гурўҳи кабўтарони пароканда  фориғ аз  барномаҳо ва  ғаразҳои  бегонагон, дурустар душманон фикр  мекард ,ки  мо акнун  озодем  ва  ҳар чӣ  диламон  бихохад, ҳамонро   мекунем, ки ин  иштибоҳи сахти  таърихӣ  буд .
Аммо ба бахти мо – тоҷикон  шахсияте  пайдо шуд ,ки моро аз ин ҷанги  бемаънӣ  бародаркуш, аз парокандагӣ ва  тафриқа, аз маҳалгароиву  ифроту тафрит дар ҳар амале наҷот  дод. Ин шахс  Пешвои  миллат, асосгузори сулҳу ваҳдат , Ҷаноби олӣ , мўҳтарам  Президентти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон  аст.
Дар  воқеъ ин ҳадяи Худо буд, ки имрўз мо дар фазои беғубори нилгун Ватан – Тоҷикистони  азиз чун кабўтарони озод парвоз мекунем ва ба хар кунҷу канори  ҷаҳон, ки  диламон бихоҳад, метавонем парвоз кунем.
Зиҳӣ  Истиқлолият, Озодӣ ,Зиҳӣ  Пешвои  Миллат , наҷотбахши  кабўтарони  фазои озодӣ   Миҳан!

Меҳрангез Муҳаббатова,
м
утахассиси  пешбари
Маркази такмили ихтисос

Барчаспҳо: