Технологияи иттилоотӣ
Нашр шуд 2019-06-26 13:35
Хонандагони азиз! Соли ҷорӣ шумо тавассути китоби таълимии «Техналогияи иттилоотӣ» дониши худро дар самти татбиқи барномаҳои компютерӣ мукамалтар гардонида, бо баъзе техналогияҳои дигари табдилдиҳии иттилоот шиносоӣ пайдо хоҳед кард.
Дар раванди омўзиши китоби дарсӣ, супоришҳои таълимӣ ва гузаронидани машғулиятҳои амалӣ дар синфхонаи компютерӣ унсурҳои фарҳанги иттилоотии шумо ҳангоми кор бо барномаҳои татбиқӣ, истифодаи техналогияҳои танзими барномаҳо ва қисмҳои комптер, технологияҳои корбурди ҷузвдонҳои сиситемавии мизи кори системаи амалиётӣ, иҷрои амалҳои одитарин бо иттилооти графикӣ ва ададӣ, боло бурда мешавад.
Имсол низ мо шуморо тақозо менамоем, ки берун аз машғулиятҳои дарсӣ муддатҳои дурудароз дар назди экрани манитори компютер нанишинед, аз истифодаи телефонии ҳамроҳ, махсусан ба гўш наздик бурда, суҳбат кардан худдорӣ намоед. Амалҳои мазкур метавонанд ҳам ба чашмон ва ҳам ба мағзи сари шумо хатари ҷиддӣ эҷод намоянд. Барои истифодаи ин воситаҳо беҳтар мешуд, агар шумо аз волидон бародарону хоҳарони бузург ва омўзгорони худ иҷозат мепурсидед ва дастурҳои онҳоро иҷро мекардед.
Ин иқтибосе буд аз сароғози китоби “Технологияи иттилоотӣ”, ки соли 2008 чоп шудааст. Муаллифи сатрҳои боло муаллифи китоби мазкур Ф. Комилиён аст.
Ҳадафи иншои китоби мазкур, ки барои хоннадагони синфҳои шаш пешбинӣ шудааст, аз он иборат аст, ки хонандагон бо техналогияҳои коркарди иттилооти графикӣ ва ададӣ дар муҳити системаи амалиётӣ шинос шаванд ва дар ҳалли масъалаҳои гуногуни ҳаётӣ истифода баранд.
Китобро шумо метавонед аз толори хониши Шуъбаи кӯдакон ва наврасон пайдо ва мутолиа намоед.
Таҳияи Замира Давлатова,
мутахассиси шуъбаи кўдакон
ва наврасон.