чорабиниҳои фарҳангӣ

Тақдими китоби 15 китоби бо забонҳои русӣ, қазоқӣ ва муғулӣ чопшудаи Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён»

Бо ибтикори Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайрулло Ибодзода Китобхонаи миллӣ соҳиби 15 китоби дигари Пешвои миллат шуд, ки миёни солҳои 2020-2021 ба забонҳои русӣ, қазоқӣ ва муғулӣ дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Нур-Султон чоп шудаанд.

Дирўз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайрулло Ибодзода 15 адад китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», ки ахиран русӣ, қазоқӣ ва муғулӣ дар Қазоқистон чоп шудааст, ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон тўҳфа намуд. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қазоқистон иброз дошт, ки ин ибтикор барои ошноии бештари ҷомеаи

Ширкати Директори Китобхонаи миллӣ дар Форуми байналмилалии «Ҳамкории китобхонаҳо: дастовардҳо ва дурнамои ҳамкориҳои шарикии дарозмуддат»

Бо ташаббуси Китобхонаи давлатии Русия рўзи 11уми марти соли 2021 Форуми байналмиллалӣ таҳти унвони «Ҳамкории китобхонаҳо: дастовардҳо ва дурнамои ҳамкориҳои шарикии дарозмуддат»  бо ширкати роҳбарони китобхонаҳои миллии давлатҳои узви ИДМ доир шуд. Дар он директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Файзализода Ҷумахон Хол дар мавзӯъи

Мизи мудаввари «Нақши занон ва ҷавонон ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар рушди ҷомеаи муосир» дар Китобхонаи миллӣ

Имрўз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Дастгоҳи иҷроияи Кумитаи  Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзўи «Нақши занон ва ҷавонон ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар рушди ҷомеаи муосир» баргузор шуд. Ширкаткунандагон дар бораи ҳиссаи бонувон ва ҷавонон дар рушди ҷомеаи муосир, муборизаи онҳо зидди унсурҳои

Дар доираи иқдоми созандаи “Дарахти ман” Китобхонаи миллӣ боз соҳиби 50 дарахти сӯзанбарг шуд

Дар доираи як иқдоми созанда, ки бо номи “Дарахти ман” дар саросари кишвар доман густардааст, кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯзи шанбе ҳашари умумии дарахтшинонӣ доштанд ва дар саҳн ва боғи Китобхона 50 адад дарахтони сӯзанбарг шинонданд. Ба ин ҳол шумори дарахтони сарсабзу сояафкани Китобхонаи миллӣ боз 50

Ширкати Китобхонаи миллӣ дар семинар-онлайни байналмилалӣ

Баъд аз зӯҳри рузи 24-уми феврал бо ибтикори Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи навбатии минтақавии марказӣ ИФЛА/ПАК дар Осиёи Марказӣ дар низоми онлайн баргузор шуд.

Дар семинар Салимов Мариф ва

МУАРРИФӢ: Пирмаҳмад Нуров. Ганҷинаи вожагони ноби тоҷикӣ

Дар Ганҷина қариб 25 ҳазор вожаҳои ноби тоҷикӣ гирд оварда шудааст. Мақсад аз таҳияи ин мавод муайян кардани захираи вожагони сирф тоҷикӣ дар таркиби луғавии забони тоҷикӣ дар марҳилаи кунунӣ мебошад. Муаллиф мегяд, зимни таҳияи Ганҷина вожаҳои ноби тоҷикӣ танҳо аз луғатномаву фарҳангҳое гирд оварда шудаанд, ки бо ҳуруфоти кириллик таҳия гардида, дастраси  мо мебошад.

Муаллиф менависад: “Ҳадаф аз таҳияи ин мавод гирдоварӣ  намудани вожаҳои ноби тоҷикӣ, яъне  муайян  кардани  захираи вожагони сирф тоҷикӣ  дар таркиби  луғавии забони тоҷикӣ дар марҳилаи кунунӣ мебошад.Тавре дар боло зикр кардем,  нахуствожаҳои  забони тоҷикиро  вожаҳои паҳлавӣ суғдӣ ва бохтарӣ ташкил медиҳанд. Баъди дар

Страницы