Кӯдакон ва наврасон

Наврӯзи диёр омад

Таҳти ин унвон дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори шуъбаи кӯдакон ва наврасон чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид.

Чорабиниро муовини директори муассиса Ҷалолиддин Нурзода ифтитоҳ намуда, ҳозириниро ба фарорасии Наврӯзи ҷаҳонӣ – иди

Баҳор дар маҳфили “Ман метавонам”

Маҳфили навбатии «Ман метавонам»  бо ташаббуси  шуъбаи  кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии  Тоҷикистон рўзи 12 марти соли ҷорӣ  бахшида ба фасли зиндашавии табиат- баҳор баргузор гардид.  Дар маҳфил кормандон ва хонандагони фаъоли шуъба иштирок намуданд.

Садри маҳфил иброз дошт, ки баҳор яке аз фаслҳои зеботарини сол мебошад. Ин фаслро

Маҳфили «Дастони моҳир» бахшида ба рўзи «Модар»

Зан- модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон.

Зан модар шахси муқаддас аст. Вақте ки симои ў пеши назар меояд, эҳсос мекунем, ки як нур пеши чашмамон пайдо шуда.  Ин нур роҳи ояндаи моро равшан месозад. 

Модар – сароғози зиндагии инсон

Ишқу муҳаббат, самимияту вафодорӣ, дӯстдорию меҳрварзӣ, оромишу осоиш, амсоли ин, вожаҳоеанд, ки аз модар сарчашма гирифта, ба атроф реша паҳн месозанд. Модар, ин олиҳаи ҳусну таровати зебоӣ, бо ҳастии худ ҳаёти моро мунаввару зиндагиамонро шодмон месозад. Бо ҳастии модар зиндагӣ маъвои дигар гирифта, ҳар нафаси мо бедарду беғусса мегардад. Модар паногоҳи азалии беғамиҳо ва маъмани нуру сахост.

Аз азал дар васфи азамату шуҷоат, бузургию нексириштии модар ҳамагон гуфтанду то абад хоҳанд гуфт. Чун даргоҳи бузурги модар ба андозае муқаддас аст, ки тамоми вожаҳои дунё дар партави таҳсину таърифи модар оҷизӣ мекашанд.

Маҳфили “Дар суҳбат бо адиб» бо иштироки Муродалӣ Собир

Бо ташаббуси шуъбаи кўдакон ва наврасонрўзи 26-уми феврал соли 2021 дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили навбатии «Дар суҳбати адиб» бо иштироки шоири бачагон Муродалӣ Собир баргузор гардид.

Маҳфилро муовини сардори шўъба Фирӯза Аҳророва ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба маҳзани илму адаб ва кохи дониш хушомадед 

Ғанӣ Ҷӯразода- адиби маъруф дар синни 85-солагӣ аз олам даргузашт

Дирӯз, 28-уми феврал Ғанӣ Ҷӯразода, адиби маъруф ва яке аз муваффақтарин адибони кӯдакнависи кишвар дар синни 85-солагӣ баъди беморӣ дар воқеъ дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт. Дар ин бора духтари адиби шинохта Фирӯза Аҳрорӣ хабар дод.  Дар муаррифиномаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мехонем:

ҒАНӢ ҶӮРАЗОДА 9 январи соли 1936 дар маҳаллаи Мирамони ҷамоати Пӯлодони ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд таваллуд ёфтааст. Баъд аз хатми мактаби миёнаи №25 (1956) таҳсилро дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон идома додааст. Пас аз хатми донишгоҳ, солҳои 1961-1993, дар рӯзномаҳои «Комсомолии Тоҷикистон»

Страницы