Волии Бухоро буда, соли 1091 ҳиҷрӣ ба сини 74 - солагӣ аз ҳукумат истеъфо дода, озими Ҳиҷоз гардида. Пас аз адои ҳаҷ сайри Ҳиндустон карда, дар он ҷо вафот ёфт. Наъши ўро ба Мадина бурда, дар гўристони Буқайъ дафн карданд.
Дар вақти сафари ҳаҷ ба бародараш Субҳонқулихон, ки ҷонишини ў шуда буд, ин ғазалро навишт:
(Аз тазкираи Сиддиқхони Ҳашмат)
“Дар “Қомус-ул-аълом”-и туркӣ, ки аз тарафи Шамсиддини Сомӣ таълифаш дар охирҳои асри ХIX тамом карда шудааст, дар моддаи “тоҷик” ин эзоҳотро мебинем (тарҷимаи айнан): “Тоҷик” дар асл номи як қавмест аз туркҳо. Дар замони ҳозира ин ном ба як тоифаи аҳолии эрониасли Осиёи Миёна, ки бо забони форсӣ гап мезананд, дода шудааст. Инҳо дар шаҳрҳо ба тиҷорат ва пешаварӣ (косибиву ҳунармандӣ) ва дар деҳот ба зироат машғул буда, фаъол, соҳибистеъдод ва нисбат ба сосири тоифаҳои аҳолӣ маданӣ бошанд ҳам, монанди турк, узбак, тотор афғонӣ ва дигар қавмҳои кӯчманчӣ) хор мебошанд Қомусу-улаълом”, ҷилди 3, саҳифаи 1608, сутуни якум).
Маҳфили «Дастони моҳир”-и шуъбаи кўдакон ва наврасон ба мавзуи “Гулҳои Душанбе” бахшида шуд ва ҳадаф сохтани гул буд. Гул гуфта навдаи кутоҳу шаклдигаркардаро меноманд, ки барои афзоиши тухм хизмат мекунад. Одатан пояи асоси ё паҳлуи бо гул ба итмом мерасад. Ҳар гул аз муғчагул инкишоф меёбад. Қисми поягии гул агар гулпоя ва гулбандро дарбар гирад, косабарг, гулбарг ва тухмдон аз баргҳои шаклдигаркарда ба вуҷуд омадаанд. Дар маркази гул тухмдон чойгир аст.
Дар шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Ваҳдати Миллӣ бо хонандагони фаъол сўҳбат баргузор гардид. Муаллима дар бораи Рӯзи Ваҳдати миллӣ сухан ронда, аз ҷумла гуфт: 27 –июни соли 1997 дар саҳифаи таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол чун рӯзи расидан ба Ваҳдати миллӣ бо хати заррин навишта шуд. Имзои созишномаи сулҳ дар шаҳри Москав ба ҷанги хонумонсӯзи дохилӣ поён дод, ба хонадони сокинони кишвар суботу оромиро баргардонд