Таваллуд – 15 апрели 1899 мелодӣ дар Бухоро. Зиндагониаш низ дар Бухорост. Аз дастхати худи Пайрав, ки ба илтимоси фақир навишта фиристода буд:
Ғазал
Гар ту дар пайванд бошӣ, аз ҷаҳонам бок нест,
Зарра бо хуршед пайвандад, ғаме аз хок нест.
Аз гирифторони фитрокат сару сомон маҷўй,
Хомаи аҳли ҷунунро нуқтаи идрок нест.
Ибни Муҳаммадсолеҳи ибни Муҳаммадзиё Ҳайрат ибни Муҳаммадзамон ибни Муҳаммадризои Фалғарии Похутист (таваллуд 1310 ҳиҷри). Падару аҷдоди Тамҳид ҳама шоиру аҳли адаб, фалғариюласл ва тоҷики сирфанд.
Ғазал
(Аз рўзномаи «Овози тоҷик», шумораи 10 )
То боз намудем чу гулғунча даҳонро,
Таҷаллии Деҳлавӣ, мутваттин ба Ёрканд. Мумоилайҳи дар хурдсолӣ ҳамроҳи падари худ дар аҳди Яъқуббачаи ҳокими Кошғар аз ватани аслиаш –Деҳлӣ ба Кошғар ҳиҷрат карда, баъд аз он сафари Ҳиҷоз ва адои ҳаҷ намуда, ба Кошғар баргашта, дар он ҷо дар мавзеи Хаҷаариғ аз музофоти Ёрканд мутаваттин шуда. То авоили инқилоб, ки 1917 мелодӣ аст, барҳаёт ва бо дўстони туркистониаш мукотаба дошт. Ҳоло аз ҳолаташ чизе маълум нест (дар он вақт бояд синнаш аз ҳафтод мутаҷовиз
Султонхоҷа шайхулислом Аҳрории Самарқандист. Мумоилайҳи дар Бухоро ба аҳди амир Ҳайдар, дар Хўқанд ба аҳди Умархон, боз дар Бухоро ба аҳди амир Нусруллоҳ ба мартабҳои олӣ расида ва сухансароӣ карда. Дар форсӣ ва туркӣ девонаш тамом аст. Қорӣ Раҳматуллоҳ дар «Туҳфат-ул-аҳбоб» вафоташ 1250 қайд карда, аммо дар як маҷмўаи дастнависи дигар моддаи «афсўс, мурд Султонхон» нишон дода шудааст, ки 1252 мешавад. Вафоташ дар Бухоро, қабраш дар Самарқанд, ба мазори Хоҷа Аҳрор аст.
Ғазал
(Аз як маҷмўаи дастнавис)
Бувад дар ишқ гаҳ бо мусҳафи рухсор савгандам,
Гаҳе бо ҳалқаи гесўи анбарбор савгандам.
Чи сон дил аз хами зулфи гиреҳгири ту баргирам,
Чу шавқам дод бо он мусҳафи рухсор савгандам.
Сабзавот ин ҳамаи он чи ки мо дар заминҳои лалмиву обӣ онро мекорем ва аз он хосилеро ба даст меорем то ки аҳволамон ба бадӣ наравад. Имрӯзҳо бозорҳои мо пур аз сабзавоти тару тозаи мебошад, ки ҳар яки мо аз он истеъмол мекунем.
Сабзӣ (бехӣ, зардак, газ)-ро дар ҳама чо мепарваранд. Ватани сабзӣ соҳилҳои баҳри Миёназамин мебошад. Сабзиро 4 ҳазор сол пеш аз ин парвариш ва истеъмол мекарданд. Дар мамлакати мо аз ин