Кормандони шуъбаи кўдакон ва наврасони Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғанӣ гардонидани фонди умумии китобхона 280-адад китоб оид ба соҳаҳои гуногун аз китобхонаи шахсии худ тўҳфа намуданд.
Бойгонии Китобхонаи миллӣ бо китобҳое чун: «Санги сипар»-и Сорбон «Шоир ва айёми мо»-и Б. Худойдодов, осори Абдурраҳмони Ҷомӣ, “Шоҳзода ва гадо”-и Марк Твен, «Лаҳзаи ҷовид»-и Меҳмон Бахтӣ, «Дастархон» - и Гулназар Келдӣ, «Субҳи инҷо сокит аст» -и Б. Василйев ва ғайраҳо ғанӣ шуд.
28-уми ноябри соли ҷорӣ дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон, ба номи Акашариф Ҷўраев маҳфили «Ҳамешабаҳор» баргузор гардид. Ҳамчуноне пештар ҳам хабар дода будем, ин бор баҳсу баррасиҳо атрофи китоби Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим “Биё, гулро ба барги гул бупечонем” буд. Маҳфил бо ташаббуси Китобхонаи миллӣ, нашрияи
Қарор аст ин маҳфил рӯзи дигар, 28-ноябр соати 15:00 дар бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор шавад. Мавзӯъ: “Баҳори Низом Қосим”, ки дар он китоби шоири маъруф “Биё, дилро ба барги гул бипечонем” ба баҳс кашида мешавад. Вуруд ба маҳфил озод аст. Маҳфилафрӯз Афзалшоҳи Шодӣ, маҳфилоро Хайрандеш. Маҳфил аз ҷониби Китобхонаи миллии Тоҷикистон, нашрияи бачагонаи “Пайрав” дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад.
Каъбаро пеши ман оред...
Ҳамчуноне аз сарлавҳа дарёфтед, ин китоб чиҳилу як сол пеш рӯи чоп омадааст. Ҷилди аввали асари панҷҷилдаи “Тазкираи адабиёти бачагон” дарбаргирандаи назм аст, ки аз устод Айнӣ оғоз мешавад ва бо Наимҷон Назирӣ ба поён мерасад. Китоб асосан назми бачагонаи шуарои кишварро гирд овардааст ва он имрӯз ҳам аз аҳамияти вижа бархӯрдор мебошад. Доктори илмҳои филологӣ, профессор марҳум Раҷаб Амонов ба ин китоб як сарсухани пурмуҳтаво навишта ва дар он аз ҷумла
Қиссаи таърихии «Исёни Назир» ба корномаи Назир, писари Халифа қурбон, ки дар деҳаи Кўли Сўфиён зиндагӣ мекард, бахшида шудааст. Қаҳрамони қисса ҷавонмарди ҳақталош буда, баҳри манфиати мардуми деҳаҳои гирду атрофи Кўли Сўфиён алайҳи зулму истибдоди бекигарии Балҷувон баромада, дар ин роҳ шуҷоату мардонагӣ ва матонату диловарӣ нишон дода, дар натиҷаи роҳбарии дурандешона бар ҳокими Балҷувон ғалаба мекунад ва дар мубориза бо сарбозони мири Ҳисор шикаст хўрда, дар талошу ҷонбозиҳо ба ҷазо гирифтор мешавад.
Асари мазкур ба равияи печутоби зиндагӣ ва бархўрдҳои
Маҳфили навбатии “Дастони моҳир”-и Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд. Муаллима дар оғоз дар бораи таърихи парчаму парчамдорӣ ҳарф зад ва гуфт: Парчам аз замонҳои хеле қадим яке аз рамзҳои асосии давлатдории тоҷикон ба шумор мерафт. Тавре ки аз саҳифаҳои таърихи ғановатманди халқамон бармеояд, яке аз парчамдорони нахустини халқи мо Коваи оҳангар будааст, ки барои барҳам задани пояи ҷабру бедод ва ба даст овардани озодиву истиқлол талошу мубориза бурдааст. Парчам дар тўли садсолаҳои зиёд мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу аркони давлатдории онҳо мақому манзалати пурарҷ доштааст. Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати