библиографияи миллӣ

Шавкат Ниёзӣ, бародари Нависандаи халқии Тоҷикистон Фотеҳ Ниёзӣ дар синни 92-солагӣ аз олам даргузашт

Муҳаққиқ, адабиётшинос, адиби маъруф, профессор Шавкат Ниёзӣ дар синни 92-солагӣ бар асари беморӣ дар шаҳри Москав аз олам даргузашт. Шавкат Низӣ бародари Нависандаи халқии Тоҷикистон Фотеҳ Ниёзӣ аст, ки умре дар Москав мезист ва ҳоло наздиконаш мехоҳанд ӯро дар шаҳри Душанбе ба хок биспоранд. Адабиётшиноси маъруф шаби гузашта дар манзили худ воқеъ дар шаҳри Москав тарки дунё кардааст.

МУҲАҚҚИҚ ВА МУБАЛИҒИ СОДИҚИ АДАБИЁТ

Устоди мо, профессор Воҳид Асрорӣ ҳангоми муаррифии адабиёти халқҳои собиқи шӯравӣ дар доираи курси «Адабиёти халқҳои СССР», дар шумули донишмандони рус

Ғуборӣ, Ғубори Розӣ, Ғубории Ҳиравӣ, Ғубори Исфахонӣ

Ғуборӣ шоири тоҷики асри 16. Дар зодгоҳаш Астаробод таҳсил карда, улуми мутадовилаи замонро омўхтааст. Дар манбаъҳо чун шоири ғазалсаро ёд шудааст. Ғуборӣ хушнавис низ буд: хатти ғуборро хеле хуб менавишт. Тахаллусаш аз ҳамин ҳунараш аст. Дар мусиқӣ низ даст дошт. Аз девонаш иттилоъ нест. Абёти зер аз ўст:

Шаб, ки мерафтам ба паҳлуи саги он дилфурўз,

Рӯ ба илмҳои табиӣ ва риёзӣ: ғумайро дидаед? Мешиносед?

Ғумай, ғумой, ғумо, ҷуворикаҳак (Sorghum halepense), як навъ рустании бисёрсола. Решааш сафеди сербуғум, ба хок 60–80 см чуқур меравад. Пояаш рост (то 2 м қад мекашад), баргаш дароз (20–60 см), паҳн (5 см), нўгтез ва дурушт. Гулаш дуҷинса, хўшааш сердон (то 2–4 ҳазор), донаш дорчинӣ, бо пулакчаҳо пўшида шудааст (то 4 сол қобилияти сабзиш дорад).

Ғумай рустании гармипарвар аст.  Моҳҳои май – ноябр гул карда, донаш мепазад. Ғумай дар Ҳиндустон, кишварҳои баҳри Миёназамин, Хитой, Қафқоз, Қрим, Осиёи Марказӣ,

Ғубори Исфахонӣ. Нола бо мурғи қафас пайғоми мо шояд нагуфт

Ғубори Исфахонӣ. Мизо Абутуроб (фавт 1730, Аҳмадободи Гуҷарот; бар асари муноқишаҳои дохилӣ кушта шуд), шоири форсизабони Ҳиндустон.

Ҳамроҳи падараш Мирзо Муҳаммадалихон, ки аз «силсилаи мирзоёни дафтари Сафавия» буд, ба  Ҳиндустон рафта, дар замони барҳаёт будани падараш ва баъд аз вафоти ў

Ғофил Малик Ҳамза, Ғофили Мозандаронӣ, Ғофилӣ

Ғофил Малик Ҳамза. Мирзо Ҳиммат шоири тоҷик. Дар зодгоҳаш Сиистон илм омўхта, ба камол расид. Барои такмили илму дониш ба Ҳинд рафт ва ба хидмати дарбори Аврангзеб ворид гардид. Ба ватан баргашта, ҳокимияти Сиистонро  ба ўҳда гирифт. Ба шеъру шоирӣ майлу рағбат дошт.  Дар анвои гуногун латифу равон шеър мегуфт.

Намунаҳои ашъораш дар тазкираҳо оварда

Рӯ ба илмҳои табиӣ ва риёзӣ: ҒУБАЙРО

Ғубайро (Sorbus), санавдар, чайтан, четан, чатқол, ҷинси бутта ё  дарахтони баргрез аз оилаи настараниҳо. Тақрибан 50 (тибқи маълумоти дигар 100) намуд дошта, дар манотиқи иқлимашон муътадили Нимкураи шимолӣ паҳн гардидааст.

Дар Тоҷикистон ғубайрои сурх ва сиёҳ мерўянд. Ғубайрои сурх дарахт ё буттаи пўсташ хокистарранг буда, то 2 метр қад мекашад. Баргаш мураккаб (аз 9–17 баргча) иборат аст), пармонанд. Гулаш сафеди хушбўй, аз 5 гулбарг иборат буда, моҳҳои май – июн мешукуфад. Мевааш гирда, зарди норанҷӣ ё сурхи ҷилодор (сентябр – октябр мепазад). Дар доманакўҳҳои Тоҷикистон намуди худрўйи он (санавдар)

Страницы