Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ нангу номус,ватандустиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик маҳсуб ëфта,волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст. Парчами миллӣ ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум баҳри ободию осудагии кишвари зебоманзарамо,ҳаммароми “Дирафши Коваëн” бо тобиши се ранг:
Дар нишасти 177-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” дӯстону ҳамкорон, шогирдону ихлосмандони донишманди шодравон, бунёдгузори маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” Абдулманнон Насриддин дар толори факултети филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷамъ омада, бо маърӯзаҳои илмӣ, шеърхониву суханрониҳо руҳи эшонро шод намуданд.
Маҳфилро роҳбари маҳфил адабиётшинос Саидумрон Саидов ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо китобҳои тозанашр ошно кард. Сипас зимни суханронии худ
Мирзоев Иброҳим Шарифович 7-уми феврали соли 1973 дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1980 ба мактаби миёнаи рақами 5 ба номи Мирзо Абдулқодири Бедили деҳаи Дарғ қадами аввали худро гузошта, соли 1990 онро бо баҳои хубу аъло хатм намудааст. Иброҳим Шариф аз замони мактабхонӣ шеърдӯсту шеъргӯ буд. Ӯ шеъру мақолаҳои худро дар матбуоти даврӣ мунтазам чоп мекард. Аз соли 1998 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад. Соли 2010 нахустин маҷмӯаи ашъори Иброҳим Шариф дар Кобули Афғонистон бо хати кирилӣ ба нашр расидааст. Соли 2011 ҳуҷҷатҳои худро ба факултети Филологияи тоҷики Донишгоҳи давлати Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров супорида,
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ҳоло мо дар остонаи таҷлили 25-умин солгарди он қарор дорем, аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини халқи тоҷик ва дастоварди бузурги мардуми шарафманди кишвар мебошад. Бо камоли ифтихору сарфарозӣ тамоми сокинони мамлакат ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро ба
Ширкаткунандагони ин ӽамоиш – ёдбуд бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти Тайторо Ботирқулов – адиб, рӯзноманигор, тарҷумон ва табиатшиноси маъруф аз роӽбарияти Қирғизистон хостанд, ки барои таҷлил аз 100-солагии адиб дар сатӽи ҷумӽурӣ ва минтақа иқдом намоянд ва барои ба тартиб овардан ва нашри осораш мусоидат кунад.
(Ҳикоя)
Ин як ташрифоти тулонӣ буд. Ибтидо Пашка бо модараш дар зери борон мерафт, гоҳе аз киштзорҳои даравшуда, гоҳ ҳам аз пайраҳаҳои беша гузар намуда, ки баргҳои зард ба мӯзаҳояш мечаспид, то он дам ки субҳ дамид. Сипас ӯ ҳудудан ду соъат дар даҳлези торик мунтазир истод, ки билохира, дарро боз кунанд. Даҳлез гармтару хушктар аз берун буд, вале чун шамол меомад, қатраҳои борон ба ин ҷо низ мепарид. Даҳлез, ки кам-кам пур аз мардум шуд, онгоҳ Пашкаи батангомада рӯяшро ба пӯстини кадом як кас, ки аз он бӯйи тези моҳии шӯр меомад, часпониду ғанаб рафт. Инак ғалақа садо доду дар боз шуд ва Пашкаю модар вориди қабулгоҳ шуданд. Ин ҷо ҳам интизорӣ тул