Эй шаб, эй шаби барфӣ, эй шаби зимистонӣ!
Гиря дар гулӯ дорам чун ҳавои боронӣ.
Бозувони ман суст аст,зонувони ман сангин,
Бори пирӣ аст ин бор, чун барам ба осонӣ?
Пеш аз ин бар он будам, к-аз сафар напарҳезам,
Баъд аз ин нахоҳам кард бо хатар гаронҷонӣ.
Чун чиҳил фароз омад, бар ситеғи ҷон будам,
Дар нишеби панҷоҳам инак, эй тани фонӣ!
Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ самтҳои гуногуни фарҳанг, махсусан фарҳанги китобу китобдорӣ хеле пеш рафта, дар низоми арзишҳои маънавии ҷомеа мақоми шоиста ва устувор пайдо кард. Ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба китобу китобдорӣ, ки аз сиёсати мароифпарварона ва фарҳангдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, омили асосии рушди фаъолияти китобдорӣ
Суҳбат бо Нилуфар – набераи шоираи баноми тоҷик марҳум Норинисо Алимуҳаммадова шояд шабеҳи як суҳбати сарироҳӣ бошад, ки тасодуфӣ сурат гирифт. Ташаббускори суҳбат ҳам Нилуфар буд, ки шояд хоста ё нохоста аз аввалин таассуроташ баъди дурии басо кутоҳ аз пойтахт таваҷҷуҳамро ба худ кашид. Гуфт, ки гӯё ба Душанбе меҳмон шудаму аз зебогии он ба ваҷд омадам ва дар як вақт ошуфтаҳол гардидам, ки дигар наметавонам чун пештара бо модаркалонам дар хиёбонҳои
Ба андешаи мо, барои хуб ба роҳ мондани фарҳанги китобу китобхонӣ, ду корро бояд анҷом дод: нахуст, таҳқиқоти ҷомеу амиқи илмӣ роҷеъ ба вазъияти китобхонӣ дар Тоҷикистон сурат бигирад, то омилҳои паст шудани сатҳи китобхонию китобдӯстӣ муайян шаванд; дувум, баъд аз анҷоми таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин масъала бо ҷалби мутахассисони соҳаи китобдорӣ барномаи вижаи тавсеаи фарҳанги китобхониро дар
Ҳамватанони азиз!
Ҳоло, ки мо дар остонаи соли нави мелодии 2020 қарор дорем, бо истифода аз фурсат кулли мардуми Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ин муносибат табрик гуфта, ба ҳар фарди Ватани азизамон саломатӣ, умри бобаракат, саодату комёбӣ ва ба кишварамон пешрафту ободии бештар ва суботу оромии ҷовидона орзумандам.
Ёди бигзашта ба дил монду дарег,
Нест ёре, ки маро ёд кунад.
Дидаам хира ба рах монду надод,
Номае то дили ман шод кунад.
Худ надонам чи хатое кардам,
Ки зи ман риштаи улфат бигусаст.
Дар дилаш чойе агар буд маро,