китобхона

Се амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Китобхонаи миллӣ

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Файзализода Ҷумахон Хол директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»

1. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2020 баргузор карда шавад.
2. Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», ҳайати комиссия оид ба баргузории озмун ва ҷоизаҳои озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

1. Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор карда шавад.

2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоизаҳои озмун ва рӯйхати адабиёти тавсияшаванда тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).

3. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи илмҳо, Иттифоқи нависандагони

Китоб панҷараи бози рӯ ба доноист

Китоб натанҳо сарчашмаи илму дониш, балки воситаи муҳими тарбияи инсон аст. Он неруи пешбарандаи ҷомеаи башарӣ маҳсуб меёбад. Китоб ягона дӯсти мӯнису ғамхоре аст, ки моро аз гаҳвора то пиронсолӣ роҳнамоӣ менамояд. Миллати тоҷик аз қадим китобдору китобдӯст ва тамаддунофар буд ва ин омил боис гардид, ки дар тӯли таърих бегонагон борҳо осори адабӣ ва илмиву фарҳангии ниёгонамонро  ба оташ кашидаю тороҷ намудаанд. Таърих гувоҳ 

Дар бораи Равиндранатҳ Тҳакур донистан мехоҳед?

 Моҳи ноябри соли 1913 васоити ахбори оммаи Британияи Кабир дар тамоми ҷаҳон хабареро оид ба додани Мукофоти Набелӣ дар бахши адабиёт, паҳн намуд, ки аз аз шунидани он ҳам аврупоиён дар ҳайрат монданду ҳам мардумони Шарқ. Ин хабар аз он лиҳоз боиси ҳайрат шуда буд, ки як шоири шарқӣ аз Ҳиндустони мустамликавӣ ба гирифтани чунин мукофоти олӣ ба мисли Мукофоти Нобелӣ сазовор шудааст. Ин шахсияти бузург Равиндранатҳ Тҳакур (1861-1914) буд, ки аллакай қариб сӣ сол боз дар ватани худ – Ҳиндустони бостонӣ ҳамчун адиби беҳамто шуҳрат дошт. Чунин мукофоти олӣ ба шоир барои он ашъоре, ки зери унвони «Гитанҷалӣ» (Gitanjali)  маълум аст, муносиб дониста шуд.  Gitanjali  дар талафузи банголӣ 

Ҷовиду ҷаҳонӣ бод ин ҷашни Сада!

 Бо пайдо шудани оташ ва муқаддас гардидани он мардуми пешин барои худ ҷашни Садаро интихоб карданд. Ин аз як тараф ифодагари рамзи ҷовидонагии Хуршед ва муқаддас донистани оташ мебошад, аз тарафи дигар ба зиндагии инсон ва робитаи ў бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад. Баъдҳо маҳз пайдо шудани «ҷашни оташ» ва ҳамчун рамзи Хуршед донистани он ҷашни Сада дар миёни мардум густариш пайдо кард.

Страницы