Ҳамватанони азиз!
Ба шарофати истиқлолияти давлатии кишвари маҳбубамон суннату анъанаҳои бостонӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашнҳои миллии халқи куҳанбунёдамон эҳё гардида, имрӯз дар ҳаёти мардуми мо ҷойгоҳи арзишманд пайдо кардаанд. Сада ҳамчун яке аз ҷашнҳои бостонии миллати тоҷик аз ҷумлаи ҳамин ойинҳои эҳёшудаи мо буда, дар ҳамаи манотиқи кишвар таҷлил карда мешавад. Имрӯз, ки мо дар остонаи ҷашни
Шоҳҳайдар Ёдгорӣ-адиби маъруф, журналист ва тарҷумони шинохта 11-уми январ аз олам даргузашт. Дар ин бора имрӯз рӯзноманигори тоҷик Ориф Ёдгорӣ дар саҳифаи худ дар Фейсбук иттилоъ дод. Шоҳҳайдар Ёдгорӣ соҳиби чандин китоби шеъру ҳикояҳо, тарҷумаҳо ва очерку публистистика буда, аз ҷумла қаламкашони маъруфи кишвар маҳсуб мешуд.
Шоҳҳайдар Ёдгорӣ, 20 марти соли 1942 дар деҳаи Кадучӣ, колхози «Коммунизм» (имрӯза ба номи Ғоиб Сафарзода)-и ноҳияи Восеъ дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Соли 1950 ба мактаби миёнаи деҳа дохил шуда, онро соли 1960 бо баҳои аъло хатм кардааст.