китобхона

Оғози Нӯҳумин намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» дар Китобхонаи миллӣ

   Субҳи имрӯз, 4 сентяр, дар саҳни Китобхонаи миллии Тоҷикистон Нӯҳумин намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» бо ширкати густардаи аҳли илму адаб, адибон, олимон, ходимони давлатӣ, хонандагон, рӯзно манигрон, меҳмонони дохиливу хориҷӣ  ифтитоҳ ёфт.

   Ҳунармандони варзидаи кишвар бо як саҳнаи марғуберо аз таърихи китоб дар олам ва саҳми он дар рушди тамаддуни башарӣ ин ҷашнвораро ҳусни оғоз бахшиданд. 

Эмомалӣ Раҳмон: Мо ба кадрҳои баландихтисоси соҳаи идоракунӣ ва хизмати давлатӣ ниёз дорем

   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба ифтихори Рӯзи дониш гуфтанд, ки бо мақсади беҳтар намудани сифати таҳсилоти олии касбӣ ва мутобиқ кардани он ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар дар доираи Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф ислоҳоти ҷиддии таҳсилоти олии касбӣ оғоз шудааст.

   Матни комили суханронии Пешвои миллат дар 

Баргузории маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ дар Кохи миллат

   29 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 28 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

    Бино ба гузориши дафтари матбуотии Президенти

Ғолибони озмуни асарҳои адабии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон эълон шуданд

 Маҷлиси Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон натиҷаи Озмун бахшида ба беҳтарин асарҳо дар соҳаи наср, драматургия, очерку публисистика ва назм дар мавзӯи Истиқлолияти  

Анонс: “Маҳфили Ҳамешабаҳор” дар саҳни Китобхонаи миллӣ

Рӯзи 4 - уми сентябри соли ҷорӣ  "Маҳфили Ҳамешабаҳор" баргузор мегардад.


МАВЗУЪ: Баҳори ФАРЗОНА ВА ОЗАРАХШ
Баҳсҳо перомуни китобҳои ин ду шоири шаҳири кишвар хеле шавқовар ва хотирмон хоҳанд гузашт

 

Дар Китобхонаи миллӣ Ҷаласаи васеъи Шӯрои ҳамоҳангсозии пешгирии сӯистеъмоли маводи нашъаовар оғоз ба кор кард

   Дар Китобхонаи миллии Тоҷикисон Ҷаласаи васеъи Шӯрои ҳамоҳангсозии пешгирии сӯистеъмоли маводи нашъаовар бо ширкати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим оғоз ба кор кард. Дар ҷаласаи муовини раиси Шӯро – Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода, Вазири тандурустӣва ҳифзи аҳолии Тоҷикистон Олимзода Насим

Страницы