китобхона

Зиндаву ҷовид монд...

 Қатли Махсум Олимӣ, ки 27 сол аз он рӯзи шум мегузарад, як рӯйдоди нангин дар таърихи истиқлоли кишвар буд. Солҳои ҷанги дохилӣ миллат беҳтарин фарзандонашро аз даст дод. Дар миёни ин рафтагони ормонӣ шахсиятҳое буданд, ки таҳқиқоташон арзиши воло дошту олимони дар сатҳи ҷаҳон эътирофшуда буданд. Ва Махсум Олимӣ ҳам аз ҳамин зумра 

Маҳфили “Ҳамешабаҳаор” "Ҳикоёти Бешаи палангон" – ро ба баҳс мекашад

  Маҳфили “Ҳамешабаҳор” дар нишасти навбатии худ китоби навсанда Маҷид Салим “Ҳикоёти Бешаи палангон”-ро ба баҳс мекашад. Маҷид Салим аз муваффақтарин адибонест, ки дар бораи табиат, олами ҳайвоноту наботот менависанд. Ва дар ин мавзуъ чандин китобҳо ба нашр расондааст, ки “Ҳикоёти Бешаи палангон” аз зумраи тозатарин китобҳои ӯст.

Муҳаққиқон: Мавлоно эҳтимол зодаи Вахш аст на Балх!

​  Бино бар ақидаи як зумра олимону муҳаққиқон Мавлоно эҳтимол зодаи Балх набуда, балки дар қисми шарқи водии рудхонаи Вахш, ки ба Амударё резиш мекунад, мутаваллид шудааст. Аз он ҷое, ки ин минтақа дар дигар тарафи рӯди Ому воқеъ аст,инро метавон гуфт, ки ҳамон қисмат дар Тоҷикистони имрӯза ҷойгир шудааст. Ин фазо аз нуқтаи назари фарҳанги як қисми Балх аст ва ин ҳамон маконест, ки Баҳоуддин Валад падари Мавлоно воизу ҳуқуқдон буд. Ӯ солҳои 1203-1211 дар онҷo кору зиндагӣ намуда, дар Самарқанд низ дар соли 1212 умр ба сар бурдааст. Сипас у эҳтимолан аз он ҷое, ки оилааш аз Вахш ба Анатолия дар соли 1216–1217 ҳиҷрат мекунанд, ба Балх бармегардад.

 Инро ҳам бояд фаромӯш накард, ки Бахоуддинро 

Ширкат дар ҳамоиши Ассамблеяи хонандагони Иттиҳод

 Аз 17 то 20-уми сентябри соли равон дар шаҳри Маскав ҳамоиши Ассамблеяи хонандагони иттиҳод баргузор шуд, ки дар он Китобхонаи миллиро муовини Директори китобхона Гадебек Маҳмудов намояндагӣ кард.  Дар ҳамоиши мазкур намояндагони китобхонаҳои миллӣ, кўдакона, мактабҳои олӣ,  нашриётҳо, хонаи китоб ва адибон, олимон ва омўзгорони муассисаҳои олии кишварҳои ИДМ, Балтика ва Гурҷистон ширкат намуданд.

Маҳбубияти Тоҷикистон: Номаҳои шодбошии сарони давлатҳои хориҷӣ

    Ба муносибати фарорасии ҷашни умумимиллӣ – бистуҳаштумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, раисони созмонҳои молиявию ҷамъиятӣ номаҳои шодбошӣ ворид гардиданд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

   Ҳамватанони азиз!

   Дар таърихи ҳар халқу миллат воқеаҳои бузургу муҳимме рух медиҳанд, ки сарнавишти минбаъда ва роҳи рушди онҳоро барои солиёни зиёд муайян менамоянд.

   Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои бузургтарини таърихӣ мебошад, ки дар тақдири халқи куҳанбунёди мо 

Страницы