китобхона

Дар нуҳ моҳ 26 нусхаи хаттӣ ва китобҳои чопи сангӣ ҷамъоварӣ шудааст

 Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир 26 адад нусхаи хаттӣ ва китоби чопи сангиро аз аҳолӣ барои харидорӣ ҷамъ овардааст. Ба толори хониши ин шуъба ва “Осорхонаи китобҳои нодир” 1 432 нафар хонандагону меҳмонони дохилию хориҷӣ ташриф оварда, бо ганҷинаҳои нодири шуъба шинос шуданд.

 Кормандони шуъбаи матбуоти даврӣ дар нуҳ моҳ ба 8 980 хонанда хизмат расондаанд. Ин афрод

Дар нуҳ моҳ бештар аз 20 ҳазор нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шудаанд

 Зарфи нуҳ моҳи охир 20 ҳазору 205 нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шуданд ва шумораи аъзои доимии ин боргоҳи маърифат ба 185 686 нафар расидааст. Директори Китобхонаи миллӣ профессор Абдусалом Мирализода зимни эълони рақамҳо афзуд, ки дар ин нуҳ моҳ назар ба нуҳмоҳаи соли 2018 5946 нафар бештар хонандагон ба узвият қабул шудаанд.

Дар нуҳ моҳ Китобхонаи миллӣ соҳиби бештар аз 25 ҳазор китоби нав шудааст

 Дар нуҳ моҳи соли 2019 Китобхонаи милии Тоҷикистон ба маблағи 371 946, 63 сомонӣ 25 240 нусха китоб харидааст. Ба захираи умумии Китобхона 20 161 нусха ба маблағи умумии 322 429, 63 сомонӣ нашрияҳои мухталиф ворид шудааст. Дар ин бора дирӯз дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи Китобхонаи миллӣ профессор Абдусалом Мирализода –Директори Китобхонаи миллӣ иброз дошт.

Боз чанд байти навёфтаи Рӯдакӣ

 Шарафи пайдо кардани ин чанд байт низ чун 3 байте, ки чанд рӯз пеш ироа шуда буд, ба донишмандони эронӣ, устодони Донишгоҳи Аҳвоз Насруллоҳ Имомӣ, Мижгон Шермуҳаммадӣ ва Саҷҷод Деҳқон тааллуқ мегирад. Мақолаи эшон ба номи “Баррасии абёте навёфта аз Рӯдакӣ дар фарҳанге ношинохта” дар шумораи 2, поизи 1397 маҷаллаи шеърпажуҳии “Бӯстони адаб” –и Донишгоҳи Шероз чоп шудааст.

 

Суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!

 Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд. Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад.

 Гузашта аз ин, дар фарҳангу тамаддуни халқу

ХУШХАБАР: Абёти навёфтаи Рӯдакӣ

 Дареғу афсӯс, ки аз 1 миллиону 300 ҳазор мисраъ, ба ривояти дигаре аз 700 ҳазор мисраъ, ба ривояте аз 300 ҳазор байт ва ё ҳатто аз 100 ҳазор байти устод Рӯдакӣ имрӯз беш аз 1000 байт расидаву бас. Ва ин аст, ки чун аз миёни сафҳаҳои китобе донишмандон қитъае ё байтеро аз устод пайдо мекунанд, табиист, ки боиси хурсандии ҳазорон ҳазор ҳаводори шеъри форсӣ дар саросари густараи бузурги забони форсӣ мешавад.

 Инак донишмандони эронӣ Заҳро Насиришироз, Насруллоҳи Имомӣ ва Саҷҷоди Деҳқон устод ва устодёрони забону адабиёти форсии Донишгоҳи Аҳвози Ҷумҳурии Исломии Эрон аз луғатномае се байти тозаи устод Рӯдакиро пайдо ва онро зимни мақолае ба

Страницы