китобхона

СУРАТИ ХАЁЛИ ҶАҲОН

(Таҳқиқи матншиносии байте машҳур аз устод Рӯдакӣ)

Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест, гирдгардон аст,

Ҳамеша, то бувад оинш, гирдгардон буд.

 Пеш аз ин дар мақолаи “Наврӯзии устод Рӯдакӣ” (Адабиёт ва санъат, 28.02.2019) зимни баррасии матншиносии намунае аз ашъори устод Рӯдакӣ арз шуда

Антон ЧЕХОВ ГАРАВ (ҳикоя)

 Шабе торику тирамоҳӣ буд. Бонкдори пир дар ҳуҷраи корияш аз гӯшае ба гӯшае қадам мезад ва маросими меҳмониеро ба ёд меовард, ки ӯ понздаҳ соли пеш дар тирамоҳ баргузор карда буд. Дар ин нишаст мардумоне оқилу огоҳ ҷамъ омада, суҳбати ҷолиберо гарм гирифта буданд. Зимнан, аз ҳукми қатл мегуфтанд. Бештари меҳмонон, ки миёни онон донишманду рӯзноманигор ҳам кам набуд, аксаран ба ҳукми қатл мухолиф буданд. Онҳо ин абзори ҷазоро мансух, барои кишварҳои масеҳӣ ношоисту норавою

ТАФРЕҲ: Ғазале аз Фарзона

Шаст занам бар офтоб, нур шикор мекунам,

Бегила мезиям дигар, шукри баҳор мекунам.

                                 ***

Чист давоми буданам, бохтану рабуданам,

Кам шудану фузуданам, тарки шумор мекунам.

 

Модари Музаффар

   Шаб баробари варақгардон кардани шеърҳои Музаффар, хотиротам низ беихтиёр такорӯ шуд; дар пеши назар зодгоҳи чу модар азиз бо тамоми наҷобаташ, ки ки вуҷудамро ҷавонии дубора бахшид, падид омад. Деҳа аҷоиб ҷойгоҳест, мисли ҳарам поку беғубор ва мардумон чун малак бо ҳам дӯсту ғамгусор. Ин деҳа нест, ин як хонадон аст, ки аҳли он дар миёни чордеворҳои пастобаланду яке муҳташаму дигар муҳаққар макон кардаанду,

Сулҳу ваҳдат мароми мост

 Ҳар сол дар таърихи 27-уми июн мардуми баландиқболи саросари кишвари маҳбубамон Тоҷикистон ҷашни ваҳдати миллиро бо хушнудӣ ва хушҳолии беандоза таҷлил мекунанд. Ин иде аст, ки садо аз хотимаи ҷанг ва башорат аз пирўзиҳои сулҳу субот медиҳад. Муқаддас, шарафмандидест, чаро ки он ҳосили ҷидду ҷаҳд ва кўшишҳои шабонарўзиҳо, натиҷаи ҷонбозиҳои самарабахши сулҳхоҳон аст, ки дар тўли ҳафт сол талошҳо доштанд, то мо ба ин рўзи пурфайзи оромию ободӣ расем. 

Страницы