Дафтари саввуми ашъори Иброхимҷон Дўстализода дастовези диловезест ба шодбоди милоди модар. Ин армуғони мубораки писари содиқ ба унвони модари гулпарвару чонпарварест, ки дар авроқи зарди обонмоҳу сафҳаҳои сапеди баҳман муҳри сабзи баҳорро мегузорад. Ин модари баҳорофарин дар замири фарзандаш низ баҳоргоҳи мубарро бунд кардааст, бо сабзтарин боғҳову зеботарин чаманҳо, бо осмони офтобоғўшу ҷўйборони зангўланавоз, бо хузури ҷонорою ҷаҳонорои муҳаббат.
Донишвари арҷманд устод Рустам Ваҳобзода, ки ба ду дафтари Иброҳиҷон аввалсухан навиштааст, зикр мекунад, ки «Шоири ҷавон дорои меҳвари эътиқодӣ›,
Аз миллату аз забони худ ёд кунед,
Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед.
То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли Шумо,
Дунёи ва ро тоҷикӣ бунёд кунед.
Атрофи асари арзишманди «Забони миллат–ҳастии миллат»-и Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олимони зиёде мулоҳизаҳо рондаву ибрози назар кардаанд. Банда ба андозаи донишу заковати хеш ин китобро мутолиа намуда, сухане чанд атрофи он иншо кардам.
Китоби «Забони миллат–ҳастии миллат»
Ҳар сол оғози моҳи сентябр оғози тараддудҳои нав дар Китобхонаи миллист. Рӯзҳоест, ки сафи хонандагони он аз ҳисоби афроди тозавуруд меафзояд. Баъзе рӯзҳо ончунон зиёд меоянд ва ба узвият номнавис мешаванд, ки баъзан то охири соати корӣ барояшон навбат намерасад. Инҳо асосан донишҷӯёнеанд, ки таҳсилашон ба тозагӣ шуруъ мешавад. Ҳамкорамон Абдуғаюр Саломов талош кард бо чанд тан хонандагон ҳамсуҳбат шавад.
Дар давоми бисту ҳашт соли истиқлолият бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо бо вуҷуди бисёр мушкилоту монеаҳо таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамонро гузоштем ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шурўъ намудем. Барои таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқавории онро ба самтҳои стратегии сиёсати давлат табдил додем. Ҷиҳати таҳкими суботи иқтисодиву иҷтимоӣ дар шароити афзалияти муносибатҳои нави иқтисодӣ ислоҳоти амиқро пайгирона амалӣ карда истодаем.
Дар ин навиштаи хеле кутоҳ назар як нафар дар бораи Истиқлол изҳори андеша мекунад. Як корманди ҷавони Китобхонаи миллӣ. Ва мо низ ба он тақрибан чизе наафзудем, ба ҷуз ин ки ҷумлаҳои такрорро ҳазф кардем. Бигзор як нафар барои ҳамсолонаш назари худро дар бораи Истиқлоли кишвар бигӯяд. Инак, навиштаи Исроил Иброҳимов:
Имрўзҳо дар саросари ҷумҳурии азизамон ба таҷлили яке аз санаҳои барои ҳар фарди кишвар азизу муқаддас - 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ меравад. Ҳар фарди огоҳ медонад, ки