Таъмини ҳифзи моликияти зеҳнӣ дар замони муосир бо назардошти пешрафти илмӣ-техникӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ ба яке аз проблемаҳои муҳим табдил ёфта, дар раванди рушди илм, адабиёт, санъат, ихтироъкорӣ ва умуман иқтисодиёт нақши калидӣ дорад. Ин ҳолат тамоми мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро уҳдадор менамояд, ки моликияти зеҳниро риоя ва ҳифз намоянд.Зарурияти таъмини ҳифзи моликияти зеҳнӣ дар Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнӣ ба ҷой доштани моликияти соҳавӣ асоснок карда мешавад.
Китоби дарсии мазкур, ки аз ҷониби Пиралӣ Назаров таълиф шудааст, аз назари илми таърих таҳия гардида, муаллифи он масъалаи таълими фанни “Таърихи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва назди Балтика” - ро ҳадафи омўзиш қарор додааст. Қимати таълимӣ ва илмии китоб аз он иборат аст, ки дар шароити муосири норасогиҳои адабиётҳои таълимӣ бо забони давлатӣ барои донишҷўёни факултаҳои таърих, таъриху ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии мактабхои олии Ҳумҳурии Тоҳикистон пешниҳод мегардад.
Чунин ном дорад китоби Шаҳобиддини Ҳақназар, ки ахиран ба Китобхонаи миллӣ ворид шудааст. Китоб соли 2018 даршаҳри Душанбе чоп шудааст ва қиссаву ҳикояҳои рӯзно манигори хушнависро дар бар гирифтааст. Маврид ба ёдоварист, ки рўзноманигори варзида, муаллифи барномаҳои ҷолиби радиёӣ Шаҳобиддин Ҳақназар дар риштаи наср низ гуфтаниҳои хешро дорад. Ин маҷмўа гулчине аз он гуфтаниҳоро фаро гирифта, умед аст, ки писанди хонандагон гардад.
Шоираи халқии Тоҷикистон Гулрухсор ба ин китоб сарсухан навиштааст, ки порае аз онро ин ҷо меорем.
Асари мазкур ба қалами муҳаққиқи таърихи фалсафаи тоҷик, номзади илмҳои фалсафа Тоҷинисо Муродова тааллуқ дорад, ки ба равшанӣ додан ба саҳифаҳои норавшани таърихи фалсафаи тоҷику форси асрхои XIV-XIX бахшида шудааст. Бояд гуфт, ки дар ташаккули андешаҳои фалсафӣ, маънавӣ, ахлоқӣ-иҷтимоӣ, ирфонӣ ва афкори давлату давлатдории ин асрҳо мақом ва манзалати Имоди Факеҳи Кирмонӣ, Аҳлии Шерозӣ, Шамсуддин Мухаммад Лоҳиҷӣ, Файзи Кошонӣ, Соиби Табрезӣ, Ҳаким Сафо, Сайиидои Насафӣ ва Маҳмуди Шабистарӣ ниҳоят бузург буд, ки дар ин монография бори аввал аз онхо сухан меравад ва осори онҳо барои хонандаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон
Душанбе макони мардони хирад, занони ба ору номус ва тифлакони дилшоду бахтиёр аст. Мавзеест, ки саросар дилфиребу дилоро ва бешубҳа мафтункунанда. Душанбе шаҳрест зебову дилоро ва макони мардумони меҳмоннавоз, олиҳиммат ва сарбаланду номдор. Душанберо барҳақ шаҳри ҷавонӣ меноманд, зеро ин шаҳр маҳз бо дасти ҷавонони боору номуси халқи тоҷик
Ин китоб аз мақолаҳо, нақду баррасӣ ва меҳрномаву шеърҳое фароҳам омадааст, ки ба 75-солагии адабиётшиноси маъруф, тарҷумашинос, устоди Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Абдурашид Самадов бахшида шудааст. Муаллифони нуқтасанҷ, ҳамкасбон, дӯстон ва шогирдон роҳи дар зиндагӣ ва ҳаёти илмию адабӣ содиқона тайнамудаи ин муҳаққиқи пухтакори тоҷикро бо самимият ва воқеъбинона мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Абдурашид Самадов соли 1945 дар шаҳри Конибодом, вилояти Суғд таваллуд ёфта, соли 1961 мактаби миёнаро хатм намудааст.