маркетинг ва менеҷмент

Туҳфаи ноширони Ӯзбекистон

 Ба китобхонаи миллӣ 32 нусха китоб аз нашриётҳои мухталифи Ҷумҳурии Ӯзбекистон тақдим шуд. Акнун хонандагони ӯзбекзабони мо имкон доранд бо як силсила китобҳо ба забони ӯзбекӣ, ки бахше бо ҳуруфи лотинӣ ва бахши дигар бо ҳуруфи крилӣ чоп шудаанд, ошно шаванд ва онҳоро дар толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.

Зан модари ман, модари ту, модари ом аст...

 Модар – калимае мебошад, ки ҳамагӣ аз панҷ ҳарф таркиб ёфтааст. Вале дар мазмуну мӯҳтавои он як ҷаҳон маънӣ, шукӯҳу шаҳомат нуҳуфта аст, ки дар тасвирашон садҳо достону романҳо офарида ва ғазалу таронаҳо сароида шуданд. Ин мафҳум барои ҳар як инсон ончунон азизу муқаддас аст, ки барои ҳифзи ҷону нангу номусаш фарзандони арзанда ҷони худро дареғ намедоранд!

Рӯзи Артиш аз назари ман

 Рӯзи 23 – юми феврали соли ҷорӣ аз таъсисёбии Артиши милли Ҷумҳурии Тоҷикистон 27- сол пур мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз аввалин давлатҳое буд, ки Артиши миллии худро таъсис дода, оромию осудагӣ ва амнияти кишварро фароҳам овард.  

Китоби нав: Шарқ дар оинаи Ғарб

 Дар китоби нави устоди Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон Абдурашид Самадов «Шарқ дар оинаи Ғарб» сухан аз боби тарҷумону муҳаққиқони Аврупо ва Амрико меравад. Хотирнишон бояд сохт, ки ҳарчанд Э.Браун, В.Ҷонс, А.Арбери, Р.Николсон, Н.Контесед, А.Маришимил, Гертруда Бел, А.Хансбергер ва Ситсилия Бону барин мусташриқону тарҷумонҳо дар бахши тарҷума ва тарғиби осори гаронбаҳои адибони форсу тоҷик хизматҳои зиёде ба харҷ додаанд, вале хонандагони тоҷик ба хусус, устодону шогирдони шуъбаҳои тарҷумонии макотиби олии кишвар аз эшон маълумоти кофӣ надоранд. Китоби мазкур, ки ба забони содаю равон таълиф гардидааст, барои донишҷўёну магистрантон ва аспирантону

Зи Ҳушанг монд он Сада ёдгор…

​ Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимиии халқҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид, ки мутобиқи солшумории милодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31 - уми январ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини 

Китобҳои тозавуруд: “Фарҳанги номҳои ҷуғрофӣ”

 Ин китоб бахшида ба 10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зери назари академик Абдуҷаббор Раҳмонзода нашр шудааст.

Муаллифон:

Шарофзода Г., Матробиён С., Шодиев Р.   Бобоназаров Б.. Зулфониён Р.. Исмоилов Ш., Маҳмадҷонов О.,   Мирбобоев А., Мирзоев С.. Муҳтарам Ҳотам, Назарзода С.,  Офаридаев Н.,  Рустами Ваҳҳоб,  Султонов М.,  Тураев Б., Ҳомидов Д.

Страницы