«Википедия чизи вижае аст. Чизе монанди як китобхона ё парки ҳамагонӣ аст. Википедия ҳамонанди маъбаде барои зеҳн аст. Ҷое, ки ҳамагӣ метавонем ба онҷо биравем то биандешем, биёмӯзем, ва донишамонро ба иштирок бигузорем.»
Ин сатрҳо мутааллиқ ба яке аз бунёдгузори Википедия –Донишномаи озод Ҷимми Уэйлс аст. Шояд ин ҳарфҳоро замоне навишт ё гуфт, ки ин донишномаи боазамат навпо буд ва ё ниме аз масири имрӯзаи худро тай карда буд. Ва бидуни шак, чунин аст. Ҳоло ин саҳифаи Интернет саршор аз матолиби хонданист. Ҳар касе ба он сар даровард, ҳатман чизе барои худ пайдо мекунанд.
Китобхона дорои 28 толори хониш барои 1800 ҷойи нишаст, 28 махзан барои нигоҳдории 10 млн. китоб ва дигар навъҳои асноди иттилоотӣ, 9 маҷлисгоҳ ва толори баргузории ҷаласаву конфронсҳо барои 1200 ҷойи нишаст, 3 толори намоишгоҳи китоб, 36 шуъба, бахш ва марказ буда, 518 воҳиди корӣ дорад.
Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдории Китобхонаи миллии Тоҷикистон дастури наве бо номи “Раҳнамои хонанда” тоҷикиву русӣ омода кардааст. Ин китобча чуноне аз номаш пайдост, дастури раҳнамо ба хонанда ва меҳмонони Китобхонаи миллист. Дар сарсухан омада:
Дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» - и Пешвои муаззами миллат, ки мақолаи аввалини он ба Бобоҷон Ғафуров бахшида шудааст, омадааст: «Дар таърихи ташаккули ҳар як халқу миллат бузургоне ҳастанд, ки номи онҳо дар ҳеҷ давру замон аз хотираи мардум фаромӯш намешавад». Сарвари давлат дар ин навиштаи хеш Бобоҷон Ғафуровро бо ифтихор «фарзанди фарзонаи миллат, «ходими номдори давлатию сиёсӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон» меноманд.
Бобоҷон Ғафуров Қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби
Аз таваллуди Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур-яке аз арбобони барҷастаи сиёсӣ ва давлатии тоҷик моро саду бист сол ҷудо мекунад. Мо ӯро хеле баъдтар, дар оғози солҳои бозсозӣ ва баъдан баъди Истиқлоли давлатӣ бештар шинохтем. Шириншоҳ шахсияте буд, ки дар ташаккули аввалин давлатдории тоҷикон дар садри мубориза бо душмонони дохиливу хориҷӣ қарор дошт. Аз аввали моҳи декабр
Даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ба анҷом расид. Рӯзҳое, ки озмун идома дошт, бо чанде аз ширкаткунандагони он ҳамсуҳбат шуда будем. Ва чун масъулиятҳое дар озмун дар пазироиву гусели меҳмонон доштем, фурсат нашуд, ки бахше аз он суҳбатҳоро сари вақт нашр кунем. Гумон мекунем ҳеч вақт дер ҳам нест. Бо анҷоми озмун ва эълони ғолибон
Шуруъ аз 11-уми декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври чорум, яъне даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ …» идома дорад, ки торафт рақобатҳо байни иштирокчиён тезу шавқовартар мешавад.
Дар даври ниҳоии озмун аз руи 4-номинатсияи 127-нафар иштирокчиёни ғолибомада аз тамоми гӯшаю канори кишвар ширкат варзида, танҳо 12-нафари