Ин китоб ба тозагӣ нашр шудааст ва тавре аз муаррифии он бармеояд, шомили матни асари Абулфазли Майдонӣ –“ас-Сомӣ фи-л-асомӣ” – яке аз аввалин луғатҳои арабӣ ба форсӣ-тоҷикии асри XII мебошад, ки дар шакли луғатнома бо пеш овардани калимаву ифодаҳои тарҷумавӣ ва тавзеҳотии форсӣ-тоҷикӣ бо ҳуруфи кириллӣ, сипас дар баробари онҳо нишон додани калимаҳои арабии тарҷумашаванда, мураттаб гардидааст.
Маводи фаровони калимаву ислоҳот ва ифодаҳои содаву равони тоҷикӣ доир ба ҷанбаҳои гуногуни ҳаёт ва ашёву
Ин монография ба яке аз масъалаҳои мубрам: ҳамкориҳои ҳарбӣ-сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия дар чорчӯбаи сохторҳои минтақавӣ бахшида шудааст. Дар китоб ба ғайр аз ҳамкориҳои ҳарбӣ-сиёсии ҷонибҳо дар чорчӯбаи сохторҳои минтақавӣ, ҳамчунин, марҳилаҳои истиқрор ва инкишофи ҳамкориҳои тарафайн бо назардошти махсусияти сохторҳои муайян ва вазъи минтақавӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.
Моҳияти асосии таҳқиқот дар он ифода меёбад, ки маҳз истиқлолияти давлатӣ барои вусъати ҳамкориҳои баробар, бисёрҷониба дар асоси эҳтиром ва эътирофи манфиатҳои
Китоби дарсии “Менеҷмент”, ки ба тозагӣ чоп шуд, аз 14-қисм иборат аст. Тавре дар сарсухани он омадааст он дарбаргирандаи 777 мавзӯи муҳими менеҷменти муосири ҷаҳонӣ, зиёда аз 3000 сарчашмаи адабиёт, саволҳои санҷишию тестӣ, гуфторҳою хирадномаҳои мутафаккирони бузурги замон, зиёда аз 3000 саволу ҷавоб ва ахтарони дурахшони роҳбарӣ, ҳидоятҳои расидан ба пешвоӣ, масоили санъату хариди ташкили идоракунии касбии равониву иқтисодӣ ва вақтшиносӣ, асосҳои назариявии мактабсозиву сарварсозӣ, таълимоти бефосилаи касбӣ- электронӣ ва ташаккули менеҷменти муносибатҳои байналмилалиро дар корпоратсияҳову
Дар ин китоб моҳияти методология, асосҳои методологии маърифати илмӣ, маҷмўи методҳои маърифати илмӣ, махсусияти назарияи ВАО, ҷанбаҳои методологии он, самтҳои асосии пажўҳишҳои илмии муосир дар назарияи журналистика, сохтори методологии таҳқиқи диссертатсионӣ ва амсоли ин мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтааст.
Он барои муҳаққиқон, аспирантону унвонҷўён, магистрҳо ва ҳаводорони илмҳои гуманитарӣ, хосса илми журналистика пешниҳод мешавад.
Монографияи мазкур ба таҳқиқи илмӣ-амалии функсияи ҳифзи ҳуқуқии давлат, шаклу усулҳои амалисозии он бахшида мешавад. Дар он ҷанбаҳои гуногуни мафҳум, мазмун намудҳои функсияҳои давлат, фаъолияти ҳифзи ҳуқуқӣ, низоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ гардида, мустақилияти функсияи ҳифзи ҳуқуқӣ дар низоми функсияҳои давлат муайян карда мешавад. Дар раванди таҳқиқи функсияи ҳифзи ҳуқуқӣ заминаҳои илмӣ ва амалии мустақилияти он, таносубаш бо функсияҳои дигари давлат, аз он ҷумла бо фаъолияти ҳифзи ҳуқуқӣ чун шакли махсуси амалисозии функсияҳои давлат муайян ва таҳлил карда мешаванд.
Муаллифи ин китоб Эмомалӣ Андалеби Хатлонӣ буда, ҳоло 65 сол дорад. Хатмкардаи Донишкадаи техникии Тоҷикистон ба номи Осимӣ ва мактаби олии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Тошканд мебошад.
Китоб фарогири ривоятест машҳур, аз сарзузашти пурмоҷарои зироати қиматтарин барои инсон-гандум, ки чун зари холисаш низ ном мебаранд ва бешак, маводест пурҳикмату хонданбоб.
Андалеб, аслан шоири достонсарост ва тавре худи ў мегўяд, шояд ин ҷавҳар аз таъсири достонҳои “Ҷони ширин”-и устод Турсунзодаву “Хирадномаи искандарӣ”-и Мавлоно Ҷомӣ, инчунин ашъори баландпарвози Фирдавсию Аттор ва Мавлавию