Фоҷеаи ҷаҳонӣ. Мудҳиштар аз онро таърихи башар зиёд дида, вале ин маргест тадриҷӣ. Мубталоёни ВНМО роҳи дигаре ҷуз марг надоранд. Вале ба умеде, муъҷизае ҳаёт ба сар мебаранд. Ин афрод медонанд, ки муолиҷа намешаванд, вале ба ҳаёт, ба оянда бо дили гарм дида медӯзанд. Ҳеч касе дар олам ҳақ надорад касеро ба марг маҳкум кунад. Ва то ҳастем, онҳо низ канори моянд. Бигзор бо мо бошанд, ҳамеша ва то абад. Бигзор биханданд, аз лаҳзаҳои хуш лаззат баранд. Дар ғам ғамгин, дар шодӣ шод бошанд. Онҳо канори мо буданд ва хоҳанд буд. Онҳо як тане аз моянд...
Давлатдорӣ ва давлатсозии тоҷикон таърих ва суннати бисёр қадима дорад. Аввалин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши Коваён» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ қабул карда шуда буд. Дирафш аз замонҳои қадим нишона ва рамзи муқаддаси ҳар миллату давлат бадааст ва ба хотири ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷонсупориҳо кардаанд.
Хушбахтона, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби парчами миллӣ - яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардидаанд. Баъди
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи он абармардоне ҳастанд, ки барояшон мавзӯи китоб бегона нест. Аз аввалин рӯзҳои президентӣ то ба имрӯз пайваста барои беҳбуди шароит ва маърифати мардуми кишвар кӯшидаанд. Дар остонаи Рӯзи Президент хостем намунаҳое аз фармудаҳои Пешвои миллатро дар бораи китобу китобхонӣ орем. Ин фармудаҳо аз суханрониҳову навиштаҳои
25 сол пеш 6-ноябри (соли 1994) барои тамоми мардуми тоҷик яке саннаҳои тақдир сози миллат буд, зеро маҳз дар ҳамин рӯз бо роҳи райпурсии умумихалқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, ки имсол мо 25 солагии онро ҷашн гирифтем. Сарнавишти имрӯзу фардои давлатамон маҳз дар ҳамин саннаи таърихи таҷассум ёфтааст.
Нашрёти “ЭР-Граф” китоби наверо бо номи “Физиологияи растаниҳо” аз чоп баровард. Дар сарсухани китоб омада: Фанни физиологияи рустаниҳо дар қиёс ба илмҳои марбут ба биологияи наботот мавқеъ ва мақоми хоси худро дорад. Фанни мазкур тамоми ҷанбаҳои ҳаёти рустаниҳоро дар бар гирифта, равандҳои сабзишу инкишоф, ғизогирии фотосинтетикӣ ва маънавӣ, гликолиз ва нафаскашӣ, дохилшавии об ба рустанӣ ва меъёрҳои ба танзимдарории он, устуворӣ ба омилҳои номусоиди иқлимию экологӣ ва касалиҳо, асосҳои физиологию биохимиявии ба танзимдарорандаи равандҳои рушду тинкишофи рустаниҳоро меомӯзад.
“Ҳукумати мамлакат варзишро ҳамчун яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат эътироф намуда, барои пешрафти он, ҷалби васеи сокинони кишвар бо мақсади оммавигардонии варзиш, солимгардонӣ ва тарбияи ҷисму рӯҳи солим тадбирҳои муассирро амалӣ мегардонад”. Эмомалӣ Раҳмон