Дар давоми солҳои 1965-1985 масъалаи мақоми забони тоҷикӣ дар ҷомеа ягон маротиба дар сатҳи роҳбарикунандаи ҳизбию давлатӣ ва муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор нагирифта буд. Баръакс, онҳо сиёсати русикунонии ҷомеаи ҷумҳуриро (бевосита, бо нишондоди роҳбарияти ҲКИШ -КПСС) амалӣ мегардониданд. Дар натиҷаи чунин сиёсати якҷониба мавқеъи забони тоҷикӣ дар ҷомеъаи тоҷикон коста гардид. Истифодаи забони тоҷикӣ асосан дар гуфтугузори кӯчагиву
Фарҳанги тафсирии сезабона (тоҷикӣ-русӣ-англисӣ) доир ба хоҷагии ҷангал дар соҳаи илми ҷангал иқдоми нахустин ба шумор меравад. Дар фарҳанг истилоҳот доир ба хоҷагии ҷангал, намудҳои асосии дарахтон ва ҷангалҳо, барўйхатгирӣ, баҳисобгирӣ, ҷангалҳои муҳофизатӣ, буриши ҷангалҳо, равишҳои умумии барқароршавии ҷангал, касалиҳо, зараррасонҳо ва ҳашарот, сӯхтори ҷангал ва ғайра, ҳамчунин баъзе истилоҳоти бо ин илм алоқаманд-хокшиносӣ, геоморфология, экалогияи муҳити
Дар рӯзҳои таътили тобистона ҳам касоне, ки ба Китобхонаи миллӣ меоянд, зиёданд. Донишҷӯён кайҳо имтиҳоноти худро супурдаву саргарми истироҳати тобистонаанд. Ё рафтаанд ба рустоҳои худ, ки кори саҳро кунанд ва ё дар истироҳатгоҳҳое саргарми истироҳатанд. Аммо кам нестанд касоне, ки рӯзҳоро дар толорҳои хониш пушти сар мекуннад. Ин бор суоли мо ба таътили тобистона иртибот дошт ва аз ду нафар
Суҳбати мо дар ду толори хониш бо ду хонандаи Китобхонаи миллӣ барои онҳо ногаҳонӣ сурат гирифт. Ҳадафи мо ин буд, ки назари хонандагонро дар бораи шароити Китобхона, сатҳи хизматрасониҳо, толорҳои хониш пурсем. Ҳар пурсиш баъзан чизеро ҳам ошкор мекунад, ки бояд пайи ислоҳаш шуд.
Адиба Шокирова хонандаи мактаби миёна аст ва чун ҳоло таътили тобистона мебошад, омадааст, ки вақташро
Арзиштарин дастоварде, ки дар тӯли 28 соли истиқлолияти давлатӣ ба даст омад, ин Ваҳдати миллӣ мебошад. Ваҳдати миллӣ имрӯз баробари истиқлолияти давалатӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистони азиз, қиммадтарин иди миллӣ ба ҳисоб меравад. Қиммати ин идро тамоми сокинони ҷумҳурӣ хуб эҳсос менамоянд, аз даврони ҷангу хунрезӣ то ин ҷониб ба қадри ин неъмати баланд ба хубӣ мерасанд. Ҳама сола таърихи 27-уми июн дар саросари кишвари маҳбубамон рӯзи «Ваҳдати
Давоми як моҳи охир теъдоди хонандагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба маротиб афзудааст. Дар ин моҳ ҳамаи толорҳои хониш пур аз хонанда буда, бештари онҳоро донишҷўён ташкил медиҳанд. Ҳатто чунин ба назар мерасад, ки толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ барои ҷо додани хонандагон камӣ мекунанд. Хонандагони зиёде пеш аз шуруъ гардидани соати корӣ дар дами даромадгоҳи Китобхонаи миллӣ ҷамъ меоянд.